Дар Хоруғ намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ доир мегардад

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, 20 - 21 - уми сентябри соли равон дар шаҳри Хоруғ намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ доир мегардад.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии Тоҷикистон, намоишгоҳи мазкур бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда мешавад.

Таджикские товары на выставке в Республике Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Ҳузури панҷ корхонаи нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Текстиллегпром”-и Маскав

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, лоиҳаҳои иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ҳунарҳои  мардумии кандакорӣ, кошинкорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва ғайра муаррифӣ мегарданд.

Аз “Ford” то “Mercedes-Benz" : дар Душанбе худравҳои нодир ба намоиш гузошта шуд - акс

Гуфта мешавад, ҳадаф аз гузаронидани намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории мамлакат,  ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо, мубодилаи таҷриба ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда мебошад.

Лентаи хабарҳо
0