https://sputnik.tj/20211009/tashkhis-taqallubii-tekhniki-hushdori-vkd-ronandagon-1042739179.html
Ташхисҳои тақаллубии техникӣ: Ҳушдори ВКД ба ронандагон
Ташхисҳои тақаллубии техникӣ: Ҳушдори ВКД ба ронандагон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ронандагоне, ки зимни гирифтани баргаи ташхиси техникӣ аз хидмати миёнаравҳо истифода мебаранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳушдор додааст
2021-10-09T18:25+0500
2021-10-09T18:25+0500
2021-10-11T12:04+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
техникӣ
шиносномаи тақаллубӣ
ташхис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102395/16/1023951636_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_92d4a9002ccc6d6d4a2db21a4dd3803f.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, рейд дар вилояти Суғд баргаҳои зиёди тақаллубиро ошкор кард, ки бо ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ронандагон анҷомид. Шодӣ Солеҳзода, муовини сардори шуъбаи техникии БДА дар вилояти Суғд, зимни як гузориши ВУД тариқи телевизиони Тоҷикистон изҳор дошт, ки вақтҳои охир ронандагон ташхиси техникии воситаҳои нақлиёти худро тариқи миёнаравон анҷом медиҳанд. Ӯ гуфт, санҷишҳои ахир нишон додаанд, ки бисёри ҳуҷҷатҳои ташхиси техникӣ тақаллубӣ мебошанд.Солеҳзода таъкид намуд, ки пеш аз ҳама ин амал бар зарари ронандагон мебошад, чун алайҳи онҳо барои асноди тақаллубӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ронандагон даъват намудааст, ки муоинаи техникии худравҳояшонро бевосита худашон дар нуқтаҳои махсус ташкилкардашуда гузаронанд. Дар акси ҳол мақомоти умури дохилӣ ҳушдор додаанд, алайҳи афроде, ки аз миёнаравҳо баргаҳои таққаллубии ташхиси техникӣ мегиранд, бар асоси моддаи 340-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз мешавад. Банди аввали ин моддаи Кодекси ҷиноӣ то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё то ду соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20210204/mansabdor-duzd-parvanda-davlat-1032761465.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102395/16/1023951636_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_ea203bace0c949fba3d06d15e882250d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вуд, тоҷикистон, ронанда, барга, ташхис, техникӣ
вуд, тоҷикистон, ронанда, барга, ташхис, техникӣ
Ташхисҳои тақаллубии техникӣ: Ҳушдори ВКД ба ронандагон
18:25 09.10.2021 (Навсозишуда: 12:04 11.10.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ронандагонеро, ки зимни гирифтани баргаи ташхиси техникӣ аз хидмати миёнаравҳо истифода мебаранд, ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, рейд дар вилояти Суғд баргаҳои зиёди тақаллубиро ошкор кард, ки бо ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ронандагон анҷомид.
Шодӣ Солеҳзода, муовини сардори шуъбаи техникии БДА дар вилояти Суғд, зимни як гузориши ВУД тариқи телевизиони Тоҷикистон изҳор дошт, ки вақтҳои охир ронандагон ташхиси техникии воситаҳои нақлиёти худро тариқи миёнаравон анҷом медиҳанд. Ӯ гуфт, санҷишҳои ахир нишон додаанд, ки бисёри ҳуҷҷатҳои ташхиси техникӣ тақаллубӣ мебошанд.
Солеҳзода таъкид намуд, ки пеш аз ҳама ин амал бар зарари ронандагон мебошад, чун алайҳи онҳо барои асноди тақаллубӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода мешавад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ронандагон даъват намудааст, ки муоинаи техникии худравҳояшонро бевосита худашон дар нуқтаҳои махсус ташкилкардашуда гузаронанд.
Дар акси ҳол мақомоти умури дохилӣ ҳушдор додаанд, алайҳи афроде, ки аз миёнаравҳо баргаҳои таққаллубии ташхиси техникӣ мегиранд, бар асоси моддаи 340-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз мешавад. Банди аввали ин моддаи Кодекси ҷиноӣ то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё то ду соли зиндонро пешбинӣ кардааст.