https://sputnik.tj/20210204/mansabdor-duzd-parvanda-davlat-1032761465.html
Дирӯз мансабдор - фардо дузд: пурсарусадотарин парвандаҳои ҷиноии кормандони давлатӣ
Дирӯз мансабдор - фардо дузд: пурсарусадотарин парвандаҳои ҷиноии кормандони давлатӣ
Sputnik Тоҷикистон
Соли 2020 бо боздошти зиёди мансабдороне, ки бо ришва дастгир шудаанд, ҳайратангез буд. Дар ин росто додрасҳо, кормандони мақомоти қудратӣ ва маъмурини давлатӣ... 04.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-04T17:18+0500
2021-02-04T17:18+0500
2021-04-28T19:22+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
мансабдорон
боздошт
парванда
суд
ҳукм
прокуратура
заминфурӯшӣ
порагирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032755821_0:181:1920:1261_1920x0_80_0_0_6d9fd79ce7a1a93ef0be21cab7707a93.jpg
ДУШАНБЕ, 4 феврал - Sputnik. Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки соли 2020-ум 296 хизматчии давлатӣ барои қаллобӣ хариду фурӯши амволи давлатӣ ва замин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.Инҳо асосан мансабдорони сатҳи баланд - якчанд корманди Кумитаи давлатии идораи замин, кормандони мақомоти бақайдгирӣ, муҳандисон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Миёни инҳо ҳамзамон- 43 нафар раиси ҷамоатҳо низ шомиланд.Дар як сол чандсад ҷинояти ошкоршудаи коррупсионӣ рақами назаррас аст. Тибқи гузоришҳо пас аз карантин пурра ба кор баргаштан, дар кишвар ҳолатҳои воқеии боздоштҳову судҳо оғоз шуд. Зери “радар”-и мақомоти қудратӣ на танҳо хизматчиёни оддии давлатӣ, балки мансабдорони баландпоя низ афтиданд.Ба ҳар ҳол сабаби афзоши боздоштҳо норӯшан аст - ё мансабдорон бештар ба қаллобию ришвагирӣ даст задаанд, ё ба дастгир кардани онҳоро бештар шурӯъ карданд ва ё шояд мақомот тасмим гирифтанд, ки равандҳои зидди фасодро таблиғ кунанд, то дигарон ҳаросанд.Дар ҳар сурат, хотиррасон кардан бамаврид аст, ки кӣ аз идораҳои бароҳат ба ҳуҷраи зиндон дар соли 2020 кӯчид.Шаҳрдор ва фасодкорПурсарусадотарин парвандаро дар ин раванд метавон ба собиқ шаҳрдори Кӯлоб Кӯлоб Баҳром Иноятзода дод. Ӯ каме бештар аз як сол - аз моҳи майи соли 2019 то июни соли 2020 - дар вазифаи шаҳрдорӣ буд, аммо ба гуфтаи тафтишот, вай тавонист дар ин муддат ба шаш моддаи Кодекси ҷиноятӣ даст занад.Иноятзода ба азхудкунӣ, қаллобӣ, сӯиистифода аз мақом, гирифтани пораи калон, додани ғайриқонунии замин ва шустушӯи пул айбдор карда шуд.Мушаххас карда шудааст, ки шаҳрдори собиқ эъломияҳои андозро тақаллубӣ карда ҳамзамон аз 13 нафар барои додани иҷозатномаи сохтмон ришва гирифтааст, маблағҳои ба ҳайси кӯмаки башардӯстона додашударо азхуд намуда, онҳоро ба манфиати шахсӣ истифода кардааст."Бо маблағҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадааст, Иноятзода дар шаҳри Кӯлоб ба маблағи 2,3 миллион доллар як маркази хусусии тиббӣ сохт", - гуфт додситонӣ.Дар ниҳоят ӯ дар шаш модда гунаҳгор дониста шуда, моҳи ноябр ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Се нафар шарикони эҳтимолии ӯ аз 7 то 8 соли ҳукми зиндон гирифтанд.Азбаски мурофиаи судӣ пушти дарҳои баста баргузор шуд, гуфтан душвор аст, ки оё собиқ раиси шаҳр саркардаи фасодкорон буд ва ё қурбонии дасисаҳои зердастонаш шуд, тавре ки ҳимоятгараш изҳор дошт. Шояд дуввум бошад.Бунгоҳи тиббии думиллиона сохт: тафсилоти нави парвандаи Иноятзода ва чор шарикашҲамин тавр, моҳи июли соли 2020 мутахассиси пешбари шӯъбаи саноат дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои 12 ҳолати қаллобӣ ба маблағи умумии 156 ҳазор сомонӣ, фурӯши қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ боздошт шуд. Ва зоҳиран, мансабдор ба фиреби сокинон пеш аз Иноятзода шурӯъ кард.Судяҳо низ боздошт мешавандАммо, тавре ки дигар парвандаҳои додгоҳӣ нишон медиҳанд, дуздиро метавонед на танҳо дар тӯли як сол, балки танҳо дар якчанд моҳ кард.Инро Шариф Турсунзода, раиси суди ноҳияи Айнӣ ба таври боварибахш исбот кард. Барои қатъ кардани айбдоркунӣ нисбати се нафар, ӯ 15 ҳазор сомонӣ мехост.Турсунзода ҳамагӣ 10 ҳазор гирифта, талаб кард, ки маблағи боқимондаро ҳарчи зудтар биёрад ва пас аз он ӯро ҳабс карданд. Ҷолиби диққат аст, ки вай моҳи марти соли 2020 бо фармони президент раҳбари суди ноҳия таъин шуда, моҳи июн таҳти тафтиш қарор дошт. Эҳтимол, мансабдори чашмгурусна ба ҷои нави худ одат накарда, дарҳол бо ҷиноят пул кор карданро оғоз кард. Барои ин ӯ 5 солро дар паси панҷара сипарӣ хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки қабл аз Шараф Турсунзода Икром Ҷумъазода, раиси пешини суди ноҳияи Айнӣ низ бо гуноҳи ришвагирӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд.Пул деҳ ҷазоятро сабуктар мекунам: боздошти судя бо 30000 сомонӣ пораНа он қадар зиёдтар - ҳамагӣ шаш моҳ - ҳамкори ӯ Зайдулло Собирзода дар курсии раиси суди шаҳри Ҳисор нишаст. Ин ҳолат низ ба парвандаи Турсунзода монанд аст - барои сабук кардани ҷазо, Собирзода аз як сокини маҳаллӣ 30 ҳазор сомонӣ талаб кардааст."Шаъну шарафро паст зад": Раҳмон Турсунзодаро баъди 4 моҳ барканор кардАҷиб аст донистани он ки оё ду мансабдори собиқ дар як зиндон афтодаанд?Кумитаи амният ва Оҷонсӣ полковникҳои ҳамдигарро боздошт кардандПарвандаи пурсарусадои мансабдорони баландпояи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ вокунишҳое ба бар дошт, ки мушкилоти муосир дар артиши Тоҷикистон шудааст. Раванди мазкур ҳам аз рӯи миқдори ришвае, ки ёфт шудааст ва ҳам аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки он на дар натиҷаи тафтишоти дохилӣ, балки бо дархости як шаҳрванди оддӣ оғоз ёфтааст.Рӯзи 30 июл шаҳрванд А.Умарова ба Агентии мубориза бо коррупсия муроҷиат намудааст, ки нисбат ба сардори раёсати тандурустии қӯшунҳои сарҳадӣ полковник Чиёнхон Азизов ва муовини фармондеҳи қисми КДАМ дар ноҳияи Панҷ полковник Мирзодавлат Усмонзода чора андешида шавад.Барои аз хизмати ҳарбӣ озод кардани хеши аризадиҳанда бо сабаби беморӣ, Усмонзода пули калон талаб карда, аз зан дар маҷмӯъ 15000 сомонӣ гирифтааст. Азизов низ дар канор наистода, ӯро маҷбур кард, ки 17 ҳазор сомонӣ диҳад. Сипас ӯ боз 8 ҳазор талаб кард ва ҳангоми додани ришва боздошт шуд.Натиҷаи чунин кори дастаҷамъонаи ду полковник 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки бо таҳдид ва шантаж ба даст омадааст. Мӯҳлати маъмулӣ барои чунин кор 6-8 сол аст.Боздошти полковники Оҷонсии зидди фасод аз сӯи КДАМ барои гирифтани пораДар омади гап, як қатор коршиносон дар Тоҷикистон ин қазияро ҳамчун як ҳолати муқовимати байни ду шӯъба ва кӯшиши Агентӣ ҳатто бо қасосогирӣ арзёбӣ карданд - қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллӣ полковник Ҷонибек Маҳмадзод, мутахассиси пешбари бахши назорати субъектҳои иқтисодии Раёсати мубориза бо коррупсияро, барои гирифтани пора дар ҳаҷмимахсусан калон боздошт карда буд.Қарзу бӯҳрону фасоди бонкҳо: роҳбарони пешинро низ ба бозпурсӣ даъват мекунандДу муассисаи як замон номдору муваффақ - "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" – сар аз соли 2010 ин ҷониб дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доранд ва ба назар мерасад. Ки дарди сари ҳукумат низ шудаанд.Гузашта аз ин, мушкилоти ташкилотҳои қарзӣ на танҳо дар дохилии Тоҷикистон баррасӣ шудан - ҳатто Хазинаи байналмилалии асъор зимистони соли гузашта аз ҳукумат даъват кард, ки ниҳоят бо мушкилоти бонкҳо мубориза барад, низом созанд, зарари амонатгузоронро ҷуброн кунанд ва ба таври умум эътимоди мардумро ба низоми бонкӣ барқарор кунад . Дар акси ҳол, ХБА таҳдид кард, ки ҳукуматро бидуни қарзҳои нав хоҳад гузошт.Тафтишоти нахуст азхудкунии маблағҳои Агроинвестбонк дар ҳаҷми 391 миллион сомонӣ (беш аз 34 миллион доллар) -ро ошкор кард. Нақшаи азхудкуниҳо содда буд - бонк пешакӣ қарзҳои барнагарданда дод, ки албатта касе барнагардонд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.Худкушӣ ё маризи COVID - 19 буд: даргузашти собиқ раиси филиали "Агроинвестбонк"Тобистони гузашта, сардори Раёсати тафтишоти Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, "Тақрибан 40 мансабдори бонки дар боло зикршуда (аз ҷумла шахсони собиқ), инчунин роҳбарони як қатор ширкатҳои Тоҷикистон бозпурсӣ карда мешаванд",- ва ваъда дод, ки баргардонидани пули амонатгузоронро таъмин мешавад.Ҳоло муфаттишон санҷидаистодаанд, ки оё нестсозии маблағҳо натиҷаи сиёсати номатлуби молиявӣ ё фасоди даставӣ аст. Ҷанҷол дар саросари ҷумҳурӣ баланд садо дод, аммо бидуни идомаи вижаи ҷолиб, аммо то охири сол ҳарду бонк 211 миллион сомониро ба муштариён баргардонидаанд.Ахиран Юсуф Раҳмон, дар гузориши солонааш ба палатаи болоии парлумони кишвар аз боздошти мақомдори баландпояи “Амонатбонк” Исоев.О, хабар дод, ки якҷоя бо бародарон Ғуломовҳо ширкатҳо таъсис дода, ғайриқонунӣ наздики 15 миллион долларро ба хориҷи кишвар интиқол додаандДодситони кул тавзеҳ дод, ки бо мусоидати Исоев, бародарон Ғуломовҳо аз суратҳисобҳои ширкатҳояшон 14 миллиону 982 ҳазор долларро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Худи Исоев барои “хизматҳо” 3 миллиону 280 ҳазор сомонӣ гирифтааст.Камбуди 3,5 миллион доллар дар як филиали “Амонатбонк”Ба иттилои мнабаъ, аз рӯи ин ҳолат нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Назари бевоситаи айбдоршавандаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
https://sputnik.tj/20210131/Mansabdoroni-davlati-sarparast-guruh-jino-1032732554.html
https://sputnik.tj/20210131/Rahmon-raisi-Kulob-muovinash-nafar-zamin-1032732386.html
https://sputnik.tj/20200618/Bozdoshti-sudya-porakhur-raisi-Sudi-nohiyai-Ayni-baroi-giriftani-pora-dastgir-shud--1031430771.html
https://sputnik.tj/20200820/Bozdoshti-du-poslkovniki-mansabdori-KDAM-az-si-Agentii-korrupsiya-1031762687.html
https://sputnik.tj/20200728/Parvandai-jinoi-alayhi-Agroinvestbonk-va-bozpursii-maqomdoroni-balandi-diruzu-imruzi-on-1031646552.html
https://sputnik.tj/20210131/Gulomov-intiqol-million-dollar-million-dolya-Isoev-1032732284.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032755821_0:1:1920:1441_1920x0_80_0_0_a162ecd51c7d56f93651efdc7f1423f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, мансабдорон, боздошт, парванда, суд, ҳукм, прокуратура, заминфурӯшӣ, порагирӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, мансабдорон, боздошт, парванда, суд, ҳукм, прокуратура, заминфурӯшӣ, порагирӣ
Дирӯз мансабдор - фардо дузд: пурсарусадотарин парвандаҳои ҷиноии кормандони давлатӣ
17:18 04.02.2021 (Навсозишуда: 19:22 28.04.2021) Соли 2020 бо боздошти зиёди мансабдороне, ки бо ришва дастгир шудаанд, ҳайратангез буд. Дар ин росто додрасҳо, кормандони мақомоти қудратӣ ва маъмурини давлатӣ махсусан фарқ мекарданд
ДУШАНБЕ, 4 феврал - Sputnik. Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки соли 2020-ум 296 хизматчии давлатӣ барои қаллобӣ хариду фурӯши амволи давлатӣ ва замин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Инҳо асосан мансабдорони сатҳи баланд - якчанд корманди Кумитаи давлатии идораи замин, кормандони мақомоти бақайдгирӣ, муҳандисон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Миёни инҳо ҳамзамон- 43 нафар раиси ҷамоатҳо низ шомиланд.
Дар як сол чандсад ҷинояти ошкоршудаи коррупсионӣ рақами назаррас аст. Тибқи гузоришҳо пас аз карантин пурра ба кор баргаштан, дар кишвар ҳолатҳои воқеии боздоштҳову судҳо оғоз шуд. Зери “радар”-и мақомоти қудратӣ на танҳо хизматчиёни оддии давлатӣ, балки мансабдорони баландпоя низ афтиданд.
Ба ҳар ҳол сабаби афзоши боздоштҳо норӯшан аст - ё мансабдорон бештар ба қаллобию ришвагирӣ даст задаанд, ё ба дастгир кардани онҳоро бештар шурӯъ карданд ва ё шояд мақомот тасмим гирифтанд, ки равандҳои зидди фасодро таблиғ кунанд, то дигарон ҳаросанд.
Дар ҳар сурат, хотиррасон кардан бамаврид аст, ки кӣ аз идораҳои бароҳат ба ҳуҷраи зиндон дар соли 2020 кӯчид.
Пурсарусадотарин парвандаро дар ин раванд метавон ба собиқ шаҳрдори Кӯлоб Кӯлоб Баҳром Иноятзода дод. Ӯ каме бештар аз як сол - аз моҳи майи соли 2019 то июни соли 2020 - дар вазифаи шаҳрдорӣ буд, аммо ба гуфтаи тафтишот, вай тавонист дар ин муддат ба шаш моддаи Кодекси ҷиноятӣ даст занад.
Иноятзода ба азхудкунӣ, қаллобӣ, сӯиистифода аз мақом, гирифтани пораи калон, додани ғайриқонунии замин ва шустушӯи пул айбдор карда шуд.
Мушаххас карда шудааст, ки шаҳрдори собиқ эъломияҳои андозро тақаллубӣ карда ҳамзамон аз 13 нафар барои додани иҷозатномаи сохтмон ришва гирифтааст, маблағҳои ба ҳайси кӯмаки башардӯстона додашударо азхуд намуда, онҳоро ба манфиати шахсӣ истифода кардааст.
"Бо маблағҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадааст, Иноятзода дар шаҳри Кӯлоб ба маблағи 2,3 миллион доллар як маркази хусусии тиббӣ сохт", - гуфт додситонӣ.
Дар ниҳоят ӯ дар шаш модда гунаҳгор дониста шуда, моҳи ноябр ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Се нафар шарикони эҳтимолии ӯ аз 7 то 8 соли ҳукми зиндон гирифтанд.
Азбаски мурофиаи судӣ пушти дарҳои баста баргузор шуд, гуфтан душвор аст, ки оё собиқ раиси шаҳр саркардаи фасодкорон буд ва ё қурбонии дасисаҳои зердастонаш шуд, тавре ки ҳимоятгараш изҳор дошт. Шояд дуввум бошад.
Ҳамин тавр, моҳи июли соли 2020 мутахассиси пешбари шӯъбаи саноат дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои 12 ҳолати қаллобӣ ба маблағи умумии 156 ҳазор сомонӣ, фурӯши қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ боздошт шуд. Ва зоҳиран, мансабдор ба фиреби сокинон пеш аз Иноятзода шурӯъ кард.
Судяҳо низ боздошт мешаванд
Аммо, тавре ки дигар парвандаҳои додгоҳӣ нишон медиҳанд, дуздиро метавонед на танҳо дар тӯли як сол, балки танҳо дар якчанд моҳ кард.
Инро Шариф Турсунзода, раиси суди ноҳияи Айнӣ ба таври боварибахш исбот кард. Барои қатъ кардани айбдоркунӣ нисбати се нафар, ӯ 15 ҳазор сомонӣ мехост.
Турсунзода ҳамагӣ 10 ҳазор гирифта, талаб кард, ки маблағи боқимондаро ҳарчи зудтар биёрад ва пас аз он ӯро ҳабс карданд. Ҷолиби диққат аст, ки вай моҳи марти соли 2020 бо фармони президент раҳбари суди ноҳия таъин шуда, моҳи июн таҳти тафтиш қарор дошт.
Эҳтимол, мансабдори чашмгурусна ба ҷои нави худ одат накарда, дарҳол бо ҷиноят пул кор карданро оғоз кард. Барои ин ӯ 5 солро дар паси панҷара сипарӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз Шараф Турсунзода Икром Ҷумъазода, раиси пешини суди ноҳияи Айнӣ низ бо гуноҳи ришвагирӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд.
На он қадар зиёдтар - ҳамагӣ шаш моҳ - ҳамкори ӯ Зайдулло Собирзода дар курсии раиси суди шаҳри Ҳисор нишаст. Ин ҳолат низ ба парвандаи Турсунзода монанд аст - барои сабук кардани ҷазо, Собирзода аз як сокини маҳаллӣ 30 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Аҷиб аст донистани он ки оё ду мансабдори собиқ дар як зиндон афтодаанд?
Кумитаи амният ва Оҷонсӣ полковникҳои ҳамдигарро боздошт карданд
Парвандаи пурсарусадои мансабдорони баландпояи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ вокунишҳое ба бар дошт, ки мушкилоти муосир дар артиши Тоҷикистон шудааст. Раванди мазкур ҳам аз рӯи миқдори ришвае, ки ёфт шудааст ва ҳам аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки он на дар натиҷаи тафтишоти дохилӣ, балки бо дархости як шаҳрванди оддӣ оғоз ёфтааст.
Рӯзи 30 июл шаҳрванд А.Умарова ба Агентии мубориза бо коррупсия муроҷиат намудааст, ки нисбат ба сардори раёсати тандурустии қӯшунҳои сарҳадӣ полковник Чиёнхон Азизов ва муовини фармондеҳи қисми КДАМ дар ноҳияи Панҷ полковник Мирзодавлат Усмонзода чора андешида шавад.
Барои аз хизмати ҳарбӣ озод кардани хеши аризадиҳанда бо сабаби беморӣ, Усмонзода пули калон талаб карда, аз зан дар маҷмӯъ 15000 сомонӣ гирифтааст. Азизов низ дар канор наистода, ӯро маҷбур кард, ки 17 ҳазор сомонӣ диҳад. Сипас ӯ боз 8 ҳазор талаб кард ва ҳангоми додани ришва боздошт шуд.
Натиҷаи чунин кори дастаҷамъонаи ду полковник 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки бо таҳдид ва шантаж ба даст омадааст. Мӯҳлати маъмулӣ барои чунин кор 6-8 сол аст.
Дар омади гап, як қатор коршиносон дар Тоҷикистон ин қазияро ҳамчун як ҳолати муқовимати байни ду шӯъба ва кӯшиши Агентӣ ҳатто бо қасосогирӣ арзёбӣ карданд - қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллӣ полковник Ҷонибек Маҳмадзод, мутахассиси пешбари бахши назорати субъектҳои иқтисодии Раёсати мубориза бо коррупсияро, барои гирифтани пора дар ҳаҷмимахсусан калон боздошт карда буд.
Қарзу бӯҳрону фасоди бонкҳо: роҳбарони пешинро низ ба бозпурсӣ даъват мекунанд
Ду муассисаи як замон номдору муваффақ - "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" – сар аз соли 2010 ин ҷониб дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доранд ва ба назар мерасад. Ки дарди сари ҳукумат низ шудаанд.
Гузашта аз ин, мушкилоти ташкилотҳои қарзӣ на танҳо дар дохилии Тоҷикистон баррасӣ шудан - ҳатто Хазинаи байналмилалии асъор зимистони соли гузашта аз ҳукумат даъват кард, ки ниҳоят бо мушкилоти бонкҳо мубориза барад, низом созанд, зарари амонатгузоронро ҷуброн кунанд ва ба таври умум эътимоди мардумро ба низоми бонкӣ барқарор кунад . Дар акси ҳол, ХБА таҳдид кард, ки ҳукуматро бидуни қарзҳои нав хоҳад гузошт.
Тафтишоти нахуст азхудкунии маблағҳои Агроинвестбонк дар ҳаҷми 391 миллион сомонӣ (беш аз 34 миллион доллар) -ро ошкор кард. Нақшаи азхудкуниҳо содда буд - бонк пешакӣ қарзҳои барнагарданда дод, ки албатта касе барнагардонд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
Тобистони гузашта, сардори Раёсати тафтишоти Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, "Тақрибан 40 мансабдори бонки дар боло зикршуда (аз ҷумла шахсони собиқ), инчунин роҳбарони як қатор ширкатҳои Тоҷикистон бозпурсӣ карда мешаванд",- ва ваъда дод, ки баргардонидани пули амонатгузоронро таъмин мешавад.
Ҳоло муфаттишон санҷидаистодаанд, ки оё нестсозии маблағҳо натиҷаи сиёсати номатлуби молиявӣ ё фасоди даставӣ аст. Ҷанҷол дар саросари ҷумҳурӣ баланд садо дод, аммо бидуни идомаи вижаи ҷолиб, аммо то охири сол ҳарду бонк 211 миллион сомониро ба муштариён баргардонидаанд.
Ахиран Юсуф Раҳмон, дар гузориши солонааш ба палатаи болоии парлумони кишвар аз боздошти мақомдори баландпояи “Амонатбонк” Исоев.О, хабар дод, ки якҷоя бо бародарон Ғуломовҳо ширкатҳо таъсис дода, ғайриқонунӣ наздики 15 миллион долларро ба хориҷи кишвар интиқол додаанд
Додситони кул тавзеҳ дод, ки бо мусоидати Исоев, бародарон Ғуломовҳо аз суратҳисобҳои ширкатҳояшон 14 миллиону 982 ҳазор долларро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Худи Исоев барои “хизматҳо” 3 миллиону 280 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ба иттилои мнабаъ, аз рӯи ин ҳолат нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Назари бевоситаи айбдоршавандаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия феълан маълум нест.