https://sputnik.tj/20211008/ushkov-gunahkor-voqe-buhron-enerzh-avrupo-kist-1042732423.html
Юшков: Гунаҳкори воқеии буҳрони энержии Аврупо кист?
Юшков: Гунаҳкори воқеии буҳрони энержии Аврупо кист?
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос тавзеҳ медиҳад, ки чаро Путин ба пешвози аврупоиҳо рафту ташаббуси зиёд кардани интиқоли газ дар бозори ҷаҳониро дастгирӣ кард ва буҳрони энержии ИА чӣ гуна оғоз ёфт.
2021-10-08T20:40+0500
2021-10-08T20:40+0500
2021-10-08T20:40+0500
аврупо
нарх
путин
коршинос
газ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/08/1040080023_0:157:3083:1891_1920x0_80_0_0_aa5224af1cde959fdf55f01f6dd7d8fd.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Шитоб дар бозори фючерсии газ дар Аврупо беш аз як моҳ идома кард. Ҳанӯз дар аввали моҳи август нархи ҳазор метри мукааби ин сӯзишворӣ, тибқи шохиси маркази аврупоии TTF, 515 доллар буд ва пас аз як моҳ он ба 614 доллар расид.6 октябр газ ба рекорди таърихии 1937 доллар барои ҳазор метри мукааб расид. Ва баъд аз он ҳамон поинравии сареи арзиш дар бозори газ оғоз ёфт. 7 октябр нарх аз 1000 доллар поинтар шуд.Игор Юшков, таҳлилгари Бунёди амнияти миллии энержӣ дар мусоҳиба бо Sputnik тавзеҳ дод, ки сабаби тағирёбии нарх чист ва Русия дар коҳиши он чӣ нақш дошт.Вобастагӣ аз ахборИгор Юшков мегӯяд, бозори фючерс ба рӯйдодҳои гуногуне, ки рабти мустақим ба он надоранд, вокуниш нишон медиҳад ва вобастагии он аз ахборро дар мисоли тиҷорати 6 октябр, ки ба таърихи бозори энержӣ ворид шудааст, шарҳ медиҳад."Мо аслан дидем, ки нарх дар як рӯз ба 1900 доллар боло рафт ва баъдан ба 600 доллар коҳиш ёфт, ҳарчанд аз нуқтаи назари тавозуни талабот ва пешниҳод дар бозори воқеии газ, чизе тағйир наёфтааст. Аврупо ҳамон қадаре ки истифода мекунад, ки қаблан мекард. Арза ба ҳамон тарзе ки буд, боқӣ монд”,-мегӯяд коршинос.Бо вуҷуди ин болоравии нархи ангишт пешгӯишаванда буд, меафзояд Юшков. Ба гуфтаи ӯ, далел ин аст, ки вақте газ гарон шуд, ширкатҳо майл ба гузаштан ба манбаи дигари энержӣ карданд ва аз ин рӯ Аврупо ба истифодаи бештари ангишт шуруъ намуд."Хуб, талаботи бошитоб болоравии нархҳоро ба вуҷуд овард",- мегӯяд коршинос.Игор Юшков гуфт, намунаи дигари таъсири хабарҳо ба фючерсро ба мулоқоти Владимир Путин ва баррасии рушди энержӣ рабт дод, ки 6 октябр баргузор шуд."Ин як хабари мусбат буд. Вай фармон дод: агар "Газпром" имкони содироти иловагиро дошта бошад, касеро дар ҳолати душвор гузоштан шарт нест ",- ба ёд меорад Юшков ва меафзояд: “Он ҳамчун аломати афзоиши эҳтимолии интиқоли газ ба Аврупо қабул карда шуд. Маҳз ин сигнал метавонад ангезае барои коҳиши арзиши сӯзишворӣ бошад".Русия чӣ манфиат дорад?Афзоиши интиқол воқеан метавонад нархи газро дар Аврупо коҳиш диҳад, зеро дар шароити рақобатӣ ширкатҳо нархҳоро коҳиш медиҳанд. Игор Юшков чунин мешуморад, ки барои Русия муътадил кардани бозор муҳим аст, зеро нархҳои гарон талаботро аз байн мебаранд."Ширкатҳое, ки газ масраф мекунанд, наметавонанд чунин гази гаронбаҳоро харидорӣ намоянд. Масалан, истеҳсолкунандагони нуриҳои нитрогенӣ онҳоро аз газ месозанд. Баъзе ширкатҳо аллакай коргоҳҳоро қатъ карданд. Ё истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ гулхонаҳоро бо газ гарм мекарданд. Онҳо низ фаъолияти худро қатъ карданд",-мегӯяд ӯ.Игор Юшков тасреҳ кард, вақте як ҳазор метри мукааби газ 200-300 доллар арзиш дорад, қазия ранги дигар мегирад. Яъне дар чунин ҳол газ назар ба энержии таҷдидпазир суди бештар медиҳад. "Аммо чун қимати газ ҳудуди ҳазор доллар аст, энержии таҷдидпазир рақобатпазирии бештар хоҳад дошт",- мегӯяд коршинос. "Мо аз афзоиши арзиш фоида мебинем, вале афзоиши фавқулоддаи арзиш ба суди мо нахоҳад буд".Юшков қайд мекунад, ки афзоиши арзиш дар бозори газро бо тоҷирон рабт додан мумкин аст. "Эҳтимол онҳо ба таври умда ба харидории қарордодҳои фючерсҳои газ шуруъ карданд, ки бархоста аз ин суол буд: агар ҳоло вазъ ба ин ҳад бад аст ва дар бозори Аврупо буҳрон ба назар мерасад, дар фасли гармоиши чӣ кор хоҳад шуд? Инҳо қарордодҳое мебошанд, ки дар афзоиши арзиш нақш доштанд”,-гуфт ӯ."Аврупо ба таҳқиқ ниёз надорад, балки ба оина нигаред"Пас аз рӯйдодҳои 6 октябр, вазирони иқтисод ва молияи панҷ кишвари Иттиҳоди Аврупо (Фаронса, Испания, Чехия, Руминия ва Юнон) баёнияи муштаракеро имзо карданд, ки дар он пешниҳод пешниҳод мешуд, сабабҳои буҳрони энержӣ таҳқиқ шавад.Дар ин зимн Игор Юшков мегӯяд, “ба ҷои ҷустуҷӯи гунаҳкорон, Аврупо бояд ба оина нигоҳ кунад. Чаро буҳрон сар зад? Пас ба сиёсатҳо ва ширкатҳои худ таваҷҷуҳ кунед! Аврупо аз мавсими гармидиҳии қаблӣ бо анборҳои холии газ берун омад".Ба назари ин коршинос, ҳаҷми газ дар анборҳо бинобар шароити обу ҳавои соли гузашта кам шудааст. "Зимистон хеле яхбаста буд, пас тобистони гарм омад ва барои хунук кардани ҳаво нерӯи зиёд лозим шуд",- мегӯяд ӯ.Юшков таъкид мекунад, ширкатҳои газ кӯшиш накарданд, ки харҷашонро ҷуброн кунанд, зеро диданд, ки нарх дар бозор боло рафт."Ҳар як ширкат фикр мекард, ин ҷаҳиш аст, ҳоло газр бо нархи гарон, 400 харидорӣ намекунам. Зеро дар зимистон арзонтар мешавад ва ман зиёнро ҷуброн мекунам. Баъдан арзиши 500-доллариро диданд: “Хуб, ҳоло, бешубҳа, нарх ба баландтарин қулла расид, инак, арзон мешавад. Аммо ба 600, 700 ва 800 доллар расид ва октябр ҳам омад”,- мегӯяд коршинос.Сабаби дигари буҳрон, ба гуфтаи Игор Юшков, мушкилоти таъминкунандагони гази маҳаллӣ буд. "Норвегия соли чорум аст, ки истихроҷи газро кам мекунад, дар ҳоле ки масрафи дохилӣ дар Алҷазоир меафзояд, аз ин рӯ ин кишвар гази камтар содир мекунад”,-хулоса кард коршинос.Мусоҳибаи пурраро дар канали "YouTube" -и "Sputnik" тамошо кунед.
https://sputnik.tj/20211007/putin-vada-dod-ki-taahhudot-dar-borai-tranziti-gaz-tavassuti-ukrainaro-ijro-mekunad-1042708941.html
https://sputnik.tj/20211006/idoma-rekordguzori-narkh-avrupo-1042675358.html
https://sputnik.tj/20211005/rekordi-navi-narkhi-gaz-dar-avrupo-1042659540.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/08/1040080023_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_50f5574f3f137b1531ed68cd03c0b575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо, газ, русия, нарх, афзоиш
аврупо, газ, русия, нарх, афзоиш
Юшков: Гунаҳкори воқеии буҳрони энержии Аврупо кист?
Коршинос тавзеҳ медиҳад, ки чаро Путин ба пешвози аврупоиҳо рафту ташаббуси зиёд кардани интиқоли газ дар бозори ҷаҳониро дастгирӣ кард ва буҳрони энержии ИА чӣ гуна оғоз ёфт.
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Шитоб дар бозори фючерсии газ дар Аврупо беш аз як моҳ идома кард. Ҳанӯз дар аввали моҳи август нархи ҳазор метри мукааби ин сӯзишворӣ, тибқи шохиси маркази аврупоии TTF, 515 доллар буд ва пас аз як моҳ он ба 614 доллар расид.
6 октябр газ ба рекорди таърихии 1937 доллар барои ҳазор метри мукааб расид. Ва баъд аз он ҳамон поинравии сареи арзиш дар бозори газ оғоз ёфт. 7 октябр нарх аз 1000 доллар поинтар шуд.
Игор Юшков, таҳлилгари Бунёди амнияти миллии энержӣ дар мусоҳиба бо Sputnik тавзеҳ дод, ки сабаби тағирёбии нарх чист ва Русия дар коҳиши он чӣ нақш дошт.
Игор Юшков мегӯяд, бозори фючерс ба рӯйдодҳои гуногуне, ки рабти мустақим ба он надоранд, вокуниш нишон медиҳад ва вобастагии он аз ахборро дар мисоли тиҷорати 6 октябр, ки ба таърихи бозори энержӣ ворид шудааст, шарҳ медиҳад.
"Мо аслан дидем, ки нарх дар як рӯз ба 1900 доллар боло рафт ва баъдан ба 600 доллар коҳиш ёфт, ҳарчанд аз нуқтаи назари тавозуни талабот ва пешниҳод дар бозори воқеии газ, чизе тағйир наёфтааст. Аврупо ҳамон қадаре ки истифода мекунад, ки қаблан мекард. Арза ба ҳамон тарзе ки буд, боқӣ монд”,-мегӯяд коршинос.
Бо вуҷуди ин болоравии нархи ангишт пешгӯишаванда буд, меафзояд Юшков. Ба гуфтаи ӯ, далел ин аст, ки вақте газ гарон шуд, ширкатҳо майл ба гузаштан ба манбаи дигари энержӣ карданд ва аз ин рӯ Аврупо ба истифодаи бештари ангишт шуруъ намуд.
"Хуб, талаботи бошитоб болоравии нархҳоро ба вуҷуд овард",- мегӯяд коршинос.
Игор Юшков гуфт, намунаи дигари таъсири хабарҳо ба фючерсро ба мулоқоти Владимир Путин ва баррасии рушди энержӣ рабт дод, ки 6 октябр баргузор шуд.
"Ин як хабари мусбат буд. Вай фармон дод: агар "Газпром" имкони содироти иловагиро дошта бошад, касеро дар ҳолати душвор гузоштан шарт нест ",- ба ёд меорад Юшков ва меафзояд: “Он ҳамчун аломати афзоиши эҳтимолии интиқоли газ ба Аврупо қабул карда шуд. Маҳз ин сигнал метавонад ангезае барои коҳиши арзиши сӯзишворӣ бошад".
Афзоиши интиқол воқеан метавонад нархи газро дар Аврупо коҳиш диҳад, зеро дар шароити рақобатӣ ширкатҳо нархҳоро коҳиш медиҳанд. Игор Юшков чунин мешуморад, ки барои Русия муътадил кардани бозор муҳим аст, зеро нархҳои гарон талаботро аз байн мебаранд.
"Ширкатҳое, ки газ масраф мекунанд, наметавонанд чунин гази гаронбаҳоро харидорӣ намоянд. Масалан, истеҳсолкунандагони нуриҳои нитрогенӣ онҳоро аз газ месозанд. Баъзе ширкатҳо аллакай коргоҳҳоро қатъ карданд. Ё истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ гулхонаҳоро бо газ гарм мекарданд. Онҳо низ фаъолияти худро қатъ карданд",-мегӯяд ӯ.
Игор Юшков тасреҳ кард, вақте як ҳазор метри мукааби газ 200-300 доллар арзиш дорад, қазия ранги дигар мегирад. Яъне дар чунин ҳол газ назар ба энержии таҷдидпазир суди бештар медиҳад. "Аммо чун қимати газ ҳудуди ҳазор доллар аст, энержии таҷдидпазир рақобатпазирии бештар хоҳад дошт",- мегӯяд коршинос. "Мо аз афзоиши арзиш фоида мебинем, вале афзоиши фавқулоддаи арзиш ба суди мо нахоҳад буд".
Юшков қайд мекунад, ки афзоиши арзиш дар бозори газро бо тоҷирон рабт додан мумкин аст. "Эҳтимол онҳо ба таври умда ба харидории қарордодҳои фючерсҳои газ шуруъ карданд, ки бархоста аз ин суол буд: агар ҳоло вазъ ба ин ҳад бад аст ва дар бозори Аврупо буҳрон ба назар мерасад, дар фасли гармоиши чӣ кор хоҳад шуд? Инҳо қарордодҳое мебошанд, ки дар афзоиши арзиш нақш доштанд”,-гуфт ӯ.
"Аврупо ба таҳқиқ ниёз надорад, балки ба оина нигаред"
Пас аз рӯйдодҳои 6 октябр, вазирони иқтисод ва молияи панҷ кишвари Иттиҳоди Аврупо (Фаронса, Испания, Чехия, Руминия ва Юнон) баёнияи муштаракеро имзо карданд, ки дар он пешниҳод пешниҳод мешуд, сабабҳои буҳрони энержӣ таҳқиқ шавад.
Дар ин зимн Игор Юшков мегӯяд, “ба ҷои ҷустуҷӯи гунаҳкорон, Аврупо бояд ба оина нигоҳ кунад. Чаро буҳрон сар зад? Пас ба сиёсатҳо ва ширкатҳои худ таваҷҷуҳ кунед! Аврупо аз мавсими гармидиҳии қаблӣ бо анборҳои холии газ берун омад".
Ба назари ин коршинос, ҳаҷми газ дар анборҳо бинобар шароити обу ҳавои соли гузашта кам шудааст. "Зимистон хеле яхбаста буд, пас тобистони гарм омад ва барои хунук кардани ҳаво нерӯи зиёд лозим шуд",- мегӯяд ӯ.
Юшков таъкид мекунад, ширкатҳои газ кӯшиш накарданд, ки харҷашонро ҷуброн кунанд, зеро диданд, ки нарх дар бозор боло рафт.
"Ҳар як ширкат фикр мекард, ин ҷаҳиш аст, ҳоло газр бо нархи гарон, 400 харидорӣ намекунам. Зеро дар зимистон арзонтар мешавад ва ман зиёнро ҷуброн мекунам. Баъдан арзиши 500-доллариро диданд: “Хуб, ҳоло, бешубҳа, нарх ба баландтарин қулла расид, инак, арзон мешавад. Аммо ба 600, 700 ва 800 доллар расид ва октябр ҳам омад”,- мегӯяд коршинос.
Сабаби дигари буҳрон, ба гуфтаи Игор Юшков, мушкилоти таъминкунандагони гази маҳаллӣ буд. "Норвегия соли чорум аст, ки истихроҷи газро кам мекунад, дар ҳоле ки масрафи дохилӣ дар Алҷазоир меафзояд, аз ин рӯ ин кишвар гази камтар содир мекунад”,-хулоса кард коршинос.
Мусоҳибаи пурраро дар канали "YouTube" -и
"Sputnik" тамошо кунед.