https://sputnik.tj/20211006/idoma-rekordguzori-narkh-avrupo-1042675358.html
Идомаи рекордгузории нархи газ дар Аврупо
Идомаи рекордгузории нархи газ дар Аврупо
Sputnik Тоҷикистон
Рекордгузории нархи газ дар Аврупо идома дошта, феълан аз ҳадди 1600 доллар сари як ҳазор метри мукааб убур кардааст
2021-10-06T12:35+0500
2021-10-06T12:35+0500
2021-10-06T13:34+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
нарх
ҷаҳиш
газ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040535416_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_59b7f5b7b86344c80d0f697a830f4c80.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Барои як ҳазор метри мукааби газ феълан дар Аврупо беш аз 1600 доллари амрикоӣ пардохт мегардад, бармеояд аз додаҳои биржаи ICE.Баъди чанд дақиқаи оғози савдо барои фючерсҳои моҳи ноябр, аз рӯи нишондоди ҳоландии TTF, то ба 1596,8 доллар ҷаҳида, баъдан аз 1607,2 доллар низ гузашт. Ин 15,5 дарсад бештар аз нархҳои рӯзи сешанбеи 5 октябр мебошад, хабар дод "РИА Новости".Ин дар ҳолест, ки додугирифти рӯзи душанбеи 4 октябр бо нишондоди 1156 доллар сари як ҳазор метри мукааб ҷамъбаст шуд.Нархи газ дар бозори Аврупо тайи моҳҳои охир хеле боло рафт. Агар дар аввали август нархи 1 ҳазор метри мукааби газ 515 доллари амрикоиро ташкил медод, як моҳи баъд то 614 доллар расида, то аввали октябр ду баробар боло рафт.Таҳлилгарон ин ҷаҳишро ба кам будани захираҳои газ дар анборҳои Аврупо, таъминоти маҳдуд аз ҷониби фурӯшандаҳои асосӣ ва талаботи зиёд ба гази моеъ дар Осиё рабт медиҳанд.Дар ин пасманзар саҳмияи "Газпром" ба сатҳи бесобиқа расида, феълан 386,5 рублро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20210927/narkh-suzishvori-gaz-benzin-qimmat-1042511404.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040535416_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_89e1bf60a52d592dae390f309e6ddaa8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
газ, аврупо, идома, доллар
газ, аврупо, идома, доллар
Идомаи рекордгузории нархи газ дар Аврупо
12:35 06.10.2021 (Навсозишуда: 13:34 06.10.2021) Рекордгузории нархи газ дар Аврупо идома дошта, феълан аз ҳадди 1600-долларӣ сари як ҳазор метри мукааб убур кардааст
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Барои як ҳазор метри мукааби газ феълан дар Аврупо беш аз 1600 доллари амрикоӣ пардохт мегардад, бармеояд аз додаҳои биржаи ICE.
Баъди чанд дақиқаи оғози савдо барои фючерсҳои моҳи ноябр, аз рӯи нишондоди ҳоландии TTF, то ба 1596,8 доллар ҷаҳида, баъдан аз 1607,2 доллар низ гузашт. Ин 15,5 дарсад бештар аз нархҳои рӯзи сешанбеи 5 октябр мебошад, хабар дод "РИА Новости".
Ин дар ҳолест, ки додугирифти рӯзи душанбеи 4 октябр бо нишондоди 1156 доллар сари як ҳазор метри мукааб ҷамъбаст шуд.
Нархи газ дар бозори Аврупо тайи моҳҳои охир хеле боло рафт. Агар дар аввали август нархи 1 ҳазор метри мукааби газ 515 доллари амрикоиро ташкил медод, як моҳи баъд то 614 доллар расида, то аввали октябр ду баробар боло рафт.
Таҳлилгарон ин ҷаҳишро ба кам будани захираҳои газ дар анборҳои Аврупо, таъминоти маҳдуд аз ҷониби фурӯшандаҳои асосӣ ва талаботи зиёд ба гази моеъ дар Осиё рабт медиҳанд.
Дар ин пасманзар саҳмияи "Газпром" ба сатҳи бесобиқа расида, феълан 386,5 рублро ташкил медиҳад.