https://sputnik.tj/20211007/rusiya-vaziyat-marzi-tojikiston-afghoniston-orom-1042705988.html
Русия: Вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нисбатан ором аст
Русия: Вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нисбатан ором аст
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи вижаи вазорати умури хориҷаи Русия эълон кард, ки вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон акнун ором аст
2021-10-07T18:05+0500
2021-10-07T18:05+0500
2021-10-08T12:12+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
замир кобулов
вазъ
марз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102986/94/1029869417_0:0:3049:1716_1920x0_80_0_0_a74bbbd277b2444b666ef1220665a9a6.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия ва мудири бахши дувуми Осиё дар Вазорати умури хориҷии Русия изҳорот дошт, ки дар ҳоли ҳозир ҳич таниш дар марзи Тоҷикистону Афғонистон вуҷуд надорад ва авзоъ ором аст.Оқои Кобулов дар посухи суол, ки "Маскав вазъият дар марзҳои Афғонистон ва Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?", гуфт: "Ҳеҷ танише дар марз вуҷуд надорад, суҳбатҳое аз ҳар ду тараф вуҷуд дошт, вале дар ҳоли ҳозир ҳама чиз онҷо ором аст ва ман иттилоъ дар хусуси ин ки иттифоқе дар марз афтода ва ё ҳар гуна даргирӣ рух дода бошад, надорам".Ҳамлаҳои гурӯҳи “Толибон”* пас аз эълони қарори Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон шиддат ёфтанд. Рӯзи 15 август “Толибон”* бидуни ҷанг вориди Кобул шуд ва президент Ашраф Ғанӣ аз ин кишвар фирор кард. Рӯзи 6 сентябр “Толибон”* назорати тамоми қаламрави Афғонистонро ғасб ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии худро эълон кард.*-созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211007/kobulov-tolibon-nishasti-maskav-1042705115.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102986/94/1029869417_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_f850d815d9d8d54cbe6bcb327f9ee7b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, русия, марз, ором, толибон, вазъ
тоҷикистон, афғонистон, русия, марз, ором, толибон, вазъ
Русия: Вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нисбатан ором аст
18:05 07.10.2021 (Навсозишуда: 12:12 08.10.2021) Намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷии Русия эълон кард, ки вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон феълан ором аст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия ва мудири бахши дувуми Осиё дар Вазорати умури хориҷии Русия изҳорот дошт, ки дар ҳоли ҳозир ҳич таниш дар марзи Тоҷикистону Афғонистон вуҷуд надорад ва авзоъ ором аст.
Оқои Кобулов дар посухи суол, ки "Маскав вазъият дар марзҳои Афғонистон ва Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?", гуфт: "Ҳеҷ танише дар марз вуҷуд надорад, суҳбатҳое аз ҳар ду тараф вуҷуд дошт, вале дар ҳоли ҳозир ҳама чиз онҷо ором аст ва ман иттилоъ дар хусуси ин ки иттифоқе дар марз афтода ва ё ҳар гуна даргирӣ рух дода бошад, надорам".
Ҳамлаҳои гурӯҳи “Толибон”* пас аз эълони қарори Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон шиддат ёфтанд. Рӯзи 15 август “Толибон”* бидуни ҷанг вориди Кобул шуд ва президент Ашраф Ғанӣ аз ин кишвар фирор кард. Рӯзи 6 сентябр “Толибон”* назорати тамоми қаламрави Афғонистонро ғасб ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии худро эълон кард.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон