https://sputnik.tj/20211008/roh-dehmoy-konibodom-navsozi-1042717008.html
Роҳи 50-миллионӣ: Оғози таъмири масири Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом
Роҳи 50-миллионӣ: Оғози таъмири масири Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом
Sputnik Тоҷикистон
Масофаи умумии роҳи таҷдидшаванда 50,5 километрро дар бар гирифта, бо паҳноии аз 8 то 15 метр дар қитъаҳои алоҳида сохта мешавад
2021-10-08T13:00+0500
2021-10-08T13:00+0500
2021-10-08T14:15+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
суғд
таъмир
роҳ
навсозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Таъмири роҳи мошингарди Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом оғоз шуд. Маросими оғози навсозии роҳ бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, оғоз шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти кишвар.Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи татбиқи лоиҳа дар ин масир, корҳои тахту ҳамворнамоӣ, гузоштани қубурҳои обгузар, сохтани ҷӯйборҳои бетонӣ бо панҷараҳои муҳофизатӣ дар ду канори роҳ, сохтмон ва таъмири 11 пули мошингузар пешбинӣ гардидааст.Тибқи гузориши манбаъ, ин тарҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи марҳилаи чоруми Барномаи рушди роҳҳои алоқаи минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.Ҳазинаи таҷдиду навсозии роҳ, ки бояд дар давоми се сол амалӣ шавад, 50 миллион доллар арзёбӣ шудааст.Ҳамин тавр роҳи Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров бо тӯли 21,9 километр, 6,3 километр роҳи Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз, Конибодом — Кучкак бо тӯли 10 километр ва роҳи 12,3-километрии Куруш — Бекобод, дар маҷмуъ 50,5 километр пурра таъмир мешаванд.Ҳамчунин Ҳукумати Ҷопон беш аз 10 адад нақлиёти тамғаҳои нав, ки асосан барои нигоҳдории ҳолати истифодаи роҳҳо пешбинӣ шудаанд, ба Тоҷикистон додааст. Воситаҳои нақлиёт кумаки бебозгашти Ҷопон аст.
https://sputnik.tj/20211007/emomali-rahmon-ba-sughd-raft-1042691151.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ, таъмир, тоҷикистон, суғд, навсозӣ, иҷтимоъ
роҳ, таъмир, тоҷикистон, суғд, навсозӣ, иҷтимоъ
Роҳи 50-миллионӣ: Оғози таъмири масири Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом
13:00 08.10.2021 (Навсозишуда: 14:15 08.10.2021) Масофаи умумии роҳи таҷдидшаванда 50,5 километрро дар бар гирифта, бо паҳноии аз 8 то 15 метр дар қитъаҳои алоҳида сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Таъмири роҳи мошингарди Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом оғоз шуд.
Маросими оғози навсозии роҳ бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, оғоз шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти кишвар.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи татбиқи лоиҳа дар ин масир, корҳои тахту ҳамворнамоӣ, гузоштани қубурҳои обгузар, сохтани ҷӯйборҳои бетонӣ бо панҷараҳои муҳофизатӣ дар ду канори роҳ, сохтмон ва таъмири 11 пули мошингузар пешбинӣ гардидааст.
Тибқи гузориши манбаъ, ин тарҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи марҳилаи чоруми Барномаи рушди роҳҳои алоқаи минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.
Ҳазинаи таҷдиду навсозии роҳ, ки бояд дар давоми се сол амалӣ шавад, 50 миллион доллар арзёбӣ шудааст.
Ҳамин тавр роҳи Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров бо тӯли 21,9 километр, 6,3 километр роҳи Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз, Конибодом — Кучкак бо тӯли 10 километр ва роҳи 12,3-километрии Куруш — Бекобод, дар маҷмуъ 50,5 километр пурра таъмир мешаванд.
Ҳамчунин Ҳукумати Ҷопон беш аз 10 адад нақлиёти тамғаҳои нав, ки асосан барои нигоҳдории ҳолати истифодаи роҳҳо пешбинӣ шудаанд, ба Тоҷикистон додааст. Воситаҳои нақлиёт кумаки бебозгашти Ҷопон аст.