https://sputnik.tj/20211007/emomali-rahmon-ba-sughd-raft-1042691151.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт
Sputnik Тоҷикистон
Сафари кории президент аз маркази вилоят шаҳри Хуҷанд оғоз шуд
2021-10-07T09:37+0500
2021-10-07T09:37+0500
2021-10-07T19:47+0500
иҷтимоъ
президент
эмомалӣ раҳмон
хуҷанд
парвоз
ифтитоҳи чанд иншоот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034314967_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_eaf213b2c64081198d9fb448699c2ba7.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.Бино ба гузориши манбаъ, мақсади сафари кишвардор иштирок дар тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинони вилояти Суғд мебошадЭмомалӣ Раҳмон баробари ворид шудан ба шимоли кишвар, нахуст дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.Бинои нави толори вакилони расмии Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматарсонӣ муҷаҳҳаз ва шароити муосиру мувофиқ барои мусофирону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.Ёдовар бояд шуд, ки бинои толори вакилони расмии Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, то ба имрӯз таъмиру таҷдид карда нашуда буд.Ҳадаф аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонии бинои мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонӣ ва муҳайё сохтани шароити муосир барои мусофирон гуфта мешавад..Ҳамзамон дар ин макон суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардида, раисиҷумҳур ба ҳар яки ин онҳо туҳфа - сарулибос ва маблағи пулӣ тақдим кардааст.Эмомали Раҳмон ҳамзамон бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷандро низ ба истифода додааст, ки он бо арзиши 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молии фурудгоҳ бунёду муҷаҳҳаз шудааст.Гуфта мешавад, бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизматрасонӣ шавад.
https://sputnik.tj/20211006/mehmon-volomaqom-eloni-rohbandi-sugd-1042673588.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034314967_63:0:1880:1363_1920x0_80_0_0_9648665b87e94754072fed7163309e42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон суғд сафар
эмомалӣ раҳмон суғд сафар
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт
09:37 07.10.2021 (Навсозишуда: 19:47 07.10.2021) Сафари кории президент аз маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, мақсади сафари кишвардор иштирок дар тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинони вилояти Суғд мебошад
Эмомалӣ Раҳмон баробари ворид шудан ба шимоли кишвар, нахуст дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои нави толори вакилони расмии Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматарсонӣ муҷаҳҳаз ва шароити муосиру мувофиқ барои мусофирону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки бинои толори вакилони расмии Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, то ба имрӯз таъмиру таҷдид карда нашуда буд.
Ҳадаф аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонии бинои мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонӣ ва муҳайё сохтани шароити муосир барои мусофирон гуфта мешавад..
Ҳамзамон дар ин макон суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардида, раисиҷумҳур ба ҳар яки ин онҳо туҳфа - сарулибос ва маблағи пулӣ тақдим кардааст.
Эмомали Раҳмон ҳамзамон бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷандро низ ба истифода додааст, ки он бо арзиши 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молии фурудгоҳ бунёду муҷаҳҳаз шудааст.
Гуфта мешавад, бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизматрасонӣ шавад.