https://sputnik.tj/20211007/zaminlarza-mudhish-pokiston-1042695566.html
Заминларзаи мудҳиш дар Покистон ҷони 20 нафарро гирифт
Заминларзаи мудҳиш дар Покистон ҷони 20 нафарро гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Аксари онҳое, ки бар асари офати табиӣ ҳалок шудаанд, занону кӯдаконанд
2021-10-07T12:52+0500
2021-10-07T12:52+0500
2021-10-07T20:39+0500
дар ҷаҳон
покистон
харобӣ
заминларза
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103013/68/1030136858_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_da646b89d3698e33dadfe0b634d517df.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Покистон ба 20 нафар расид. Аксари қурбониён занону кӯдаконанд.Дар ин бора рӯзномаи "Dawn" бо истинод ба шуъбаи рафъи офатҳои табиӣ хабар медиҳад.Заминларза бо шиддати 5,7 балл дар вилояти Балучистони ҳаммарз бо Эрон ва Афғонистон рух дод. Маркази заминларза дар 102-километрии шимолу шарқи шаҳри Квета воқеъ буд, ки маркази он дар умқи 10 километр ҷойгир будааст."Dawn" таъкид мекунад, ки беш аз 300 нафар аз ҳодисаи табиӣ осеб дидаанд.Заминларзаро сокинони дигар шаҳрҳои Покистон Сибби, Пишин ва Чаманниз эҳсос карданд.Зарари шадидтарин дар Ҳарнай ба қайд гирифта шудааст, ки он ба маркази зилзила назар ба дигар нуқтаҳои аҳолинишин наздиктар аст. Инчунин дар ин вилоят баъзе биноҳои маъмурӣ хароб шудаанд. Мақомоти кишвар хисороти воридшударо арзёбӣ мекунанд.Қаблан заминларза дар кишвари ҳамсояи Покистон, Афғонистон рух дода буд. Ин заминларзаро сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон низ эҳсос карданд.
https://sputnik.tj/20211005/zaminlarzai-afghoniston-tojikiston-junbond-1042659953.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103013/68/1030136858_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_335b159cf55968296002bd73619c644c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
заминларза мудҳиш покистон
заминларза мудҳиш покистон
Заминларзаи мудҳиш дар Покистон ҷони 20 нафарро гирифт
12:52 07.10.2021 (Навсозишуда: 20:39 07.10.2021) Аксари онҳое, ки бар асари офати табиӣ ҳалок шудаанд, занону кӯдаконанд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Покистон ба 20 нафар расид. Аксари қурбониён занону кӯдаконанд.
Дар ин бора рӯзномаи "Dawn" бо истинод ба шуъбаи рафъи офатҳои табиӣ хабар медиҳад.
Заминларза бо шиддати 5,7 балл дар вилояти Балучистони ҳаммарз бо Эрон ва Афғонистон рух дод. Маркази заминларза дар 102-километрии шимолу шарқи шаҳри Квета воқеъ буд, ки маркази он дар умқи 10 километр ҷойгир будааст.
"Dawn" таъкид мекунад, ки беш аз 300 нафар аз ҳодисаи табиӣ осеб дидаанд.
Заминларзаро сокинони дигар шаҳрҳои Покистон Сибби, Пишин ва Чаманниз эҳсос карданд.
Зарари шадидтарин дар Ҳарнай ба қайд гирифта шудааст, ки он ба маркази зилзила назар ба дигар нуқтаҳои аҳолинишин наздиктар аст. Инчунин дар ин вилоят баъзе биноҳои маъмурӣ хароб шудаанд. Мақомоти кишвар хисороти воридшударо арзёбӣ мекунанд.
Қаблан заминларза дар кишвари ҳамсояи Покистон, Афғонистон рух дода буд. Ин заминларзаро сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон низ эҳсос карданд.