https://sputnik.tj/20211005/zaminlarzai-afghoniston-tojikiston-junbond-1042659953.html
Заминларзаи шадиди Афғонистон Тоҷикистону Ӯзбекистонро низ ҷунбонд
Заминларзаи шадиди Афғонистон Тоҷикистону Ӯзбекистонро низ ҷунбонд
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Душанбе дар нимаи дуввуми рӯз заминларзаеро эҳсос карданд, ки маркази он дар Афғонистон гуфта мешавад
2021-10-05T15:13+0500
2021-10-05T15:13+0500
2021-10-05T15:36+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ӯзбекистон
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033754_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_492bcab80dc137b60f09eb1eee5bd44b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар медиҳад, ки сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминларзаи Афғонистонро эҳсос кардаанд. Гуфта мешавад, ки маркази заминларза дар 275 километрии ҷанубу ғарби пойтахти Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон ҷойгир будааст. Бо вуҷуди ин, сокинони Душанбе ларзишҳои шадидро соати 12:59 ба вақти маҳаллӣ эҳсос карданд.Бино ба иттилоъи Хадамоти геофизикии академия миллии улуми Тоҷикистон, қувваи заминларза дар Душанбе 2 баллро ташкил дод. Тибқи мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, қувваи заминларза дар маркази зилзила 6 балл буда, заминларза дар умқи 10 километр рух додааст. Дар ҳудуди Ӯзбекистон заминларзаро сокинони Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанд, Бухоро ва чанд минтақаи дигарро эҳсос карданд. Дар қаламрави ин се давлат талафот ва харобӣ ба қайд гирифта нашудааст.
https://sputnik.tj/20211003/tojikiston-zamin-junbid-1042621996.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033754_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_8935346bbc55c2e9abf2169a74f2308c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
заминларза афғонистон тоҷикистон узбакистонро ҷунбонд
заминларза афғонистон тоҷикистон узбакистонро ҷунбонд
Заминларзаи шадиди Афғонистон Тоҷикистону Ӯзбекистонро низ ҷунбонд
15:13 05.10.2021 (Навсозишуда: 15:36 05.10.2021) Сокинони Душанбе дар нимаи дуввуми рӯз заминларзаеро эҳсос карданд, ки маркази он дар Афғонистон гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар медиҳад, ки сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминларзаи Афғонистонро эҳсос кардаанд.
Гуфта мешавад, ки маркази заминларза дар 275 километрии ҷанубу ғарби пойтахти Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон ҷойгир будааст.
Бо вуҷуди ин, сокинони Душанбе ларзишҳои шадидро соати 12:59 ба вақти маҳаллӣ эҳсос карданд.
Бино ба иттилоъи Хадамоти геофизикии академия миллии улуми Тоҷикистон, қувваи заминларза дар Душанбе 2 баллро ташкил дод.
Тибқи мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, қувваи заминларза дар маркази зилзила 6 балл буда, заминларза дар умқи 10 километр рух додааст.
Дар ҳудуди Ӯзбекистон заминларзаро сокинони Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанд, Бухоро ва чанд минтақаи дигарро эҳсос карданд.
Дар қаламрави ин се давлат талафот ва харобӣ ба қайд гирифта нашудааст.