Ӯзбекистону Чин қасд доранд, ба Афғонистон кумаки башардӯстона ирсол кунанд

© Sputnik / Viktor Tolochko / Гузариш ба медиабонкЛюди в лагере нелегальных мигрантов из Афганистана на белорусско-польской границе возле деревни Уснар-Дольное
Люди в лагере нелегальных мигрантов из Афганистана на белорусско-польской границе возле деревни Уснар-Дольное - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Обуна шудан
Дипломатҳои Ӯзбекистону Чин зимни як вохӯрӣ ба тавофуқ расиданд, ки ҳар чӣ зудтар ба Афғонистон кумаки башардӯстона ирсол кунанд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дипломатҳои Ӯзбекистон ва Чин талошҳои ду кишварро барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон баррасӣ карданд, хабар медиҳад котиботи ВУХ Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, муовини вазири корҳои хориҷӣ Фурқат Сидиқов ва сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тсзян Ян масъалаҳои кунунии рӯзномаи Ӯзбекистону Чинро баррасӣ карданд.
"Тарафҳо талоши ду кишварро барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми афғон ва инчунин вазъ дар Афғонистон баррасӣ карданд", - омадааст дар изҳороти вазорат.
Дар идома, ҷонибҳо ба ҳамкориҳои алоҳидаи байни Ӯзбекистон ва Чин таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Созмони Милал ба ҷаҳон: Барои кумак ба Афғонистон аҷала кунед
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи август намояндагони "Толибон"* ба ҳукумати Афғонистон ҳуҷум карданд ва 15 -уми ҳамон моҳ вориди Кобул шуданд. Рӯзи дигар онҳо аз анҷоми ҷанг хабар доданд.
*созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0