https://sputnik.tj/20211007/prezident-khujand-bino-furudgoh-iftitoh-1042694393.html
Президент дар Хуҷанд бинои нави Фурудгоҳи байналмилалиро ифтитоҳ кард
Президент дар Хуҷанд бинои нави Фурудгоҳи байналмилалиро ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкони дар як вақт ба 400-500 нафар мусофир хидмат расонданро фароҳам кард 07.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-07T12:03+0500
2021-10-07T12:03+0500
2021-10-07T20:21+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
эмомалӣ раҳмон
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/80/1022638046_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_46b1056fea1db74c91478748127a2fba.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро мавриди истифода қарор дод.Котиботи роҳбари давлат хабар медиҳад, ки бинои мазкур бо харҷи 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молии фурудгоҳи мазкур бунёд шуда, корҳои сохтмониро ширкати "Муҳандис" ва "Алюминиюм"-и Туркия анҷом додаанд.Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизмат расонида шавад.Мутобиқи лоиҳа ва нишондиҳандаҳои техникӣ, бинои аэровокзал ба масоҳати 30 ба 64 метр аз тарафи пеши бино ва 36 ва 64 метр аз тарафи перрон васеъ карда шуда, масоҳати умумӣ 84 ба 64 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин мутобиқи лоиҳа, аз ду тарафи аэровокзал ба самти перрон ду галерея бо дарозии 22 метр ва 4 зинаи телескопӣ барои ҳавопоймоҳои калонҳаҷми тамғаҳое чун “Аэробус А320” ва “Боинг 767-300” васл карда мешавад.Манбаъ меафзояд, бинои нав бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир, аз ҷумла таҷҳизот барои таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар лавозимоти аэровокзал таъмин гардидааст.
https://sputnik.tj/20211007/emomali-rahmon-ba-sughd-raft-1042691151.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/80/1022638046_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_6f005019dd18e3b81cc3ec612c3bbc57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, эмомалӣ раҳмон, хуҷанд
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, эмомалӣ раҳмон, хуҷанд
Президент дар Хуҷанд бинои нави Фурудгоҳи байналмилалиро ифтитоҳ кард
12:03 07.10.2021 (Навсозишуда: 20:21 07.10.2021) Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкони дар як вақт ба 400-500 нафар мусофир хидмат расонданро фароҳам кард
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро мавриди истифода қарор дод.
Котиботи роҳбари давлат хабар медиҳад, ки бинои мазкур бо харҷи 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молии фурудгоҳи мазкур бунёд шуда, корҳои сохтмониро ширкати "Муҳандис" ва "Алюминиюм"-и Туркия анҷом додаанд.
Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизмат расонида шавад.
Мутобиқи лоиҳа ва нишондиҳандаҳои техникӣ, бинои аэровокзал ба масоҳати 30 ба 64 метр аз тарафи пеши бино ва 36 ва 64 метр аз тарафи перрон васеъ карда шуда, масоҳати умумӣ 84 ба 64 метрро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин мутобиқи лоиҳа, аз ду тарафи аэровокзал ба самти перрон ду галерея бо дарозии 22 метр ва 4 зинаи телескопӣ барои ҳавопоймоҳои калонҳаҷми тамғаҳое чун “Аэробус А320” ва “Боинг 767-300” васл карда мешавад.
Манбаъ меафзояд, бинои нав бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир, аз ҷумла таҷҳизот барои таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар лавозимоти аэровокзал таъмин гардидааст.