Даъвати омӯзгорон аз Русия ба мактаби навбунёд дар Суғд

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники сидят за партой в защитных масках
Школьники сидят за партой в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Обуна шудан
Соҳибкорон бо бунёди мактаби ҷадид дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва даъвати омӯзгорон аз Русия ният доранд, сифати таълимро беҳтар кунанд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи таълимиву хидматрасониеро ба истифода додааст, ки қисми асосии онро мактаби замонавии “Дурахшандагон” ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, муассисаи таълимии “Дурахшандагон” барои таҳсили 600 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
"Дар ин мактаби навъи нав бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳсил 24 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, физика, кимиё, ҷуғрофия ва рассомӣ ҷой дода шудааст",-омадааст дар иттилоия.
Аэропорт в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Президент дар Хуҷанд бинои нави Фурудгоҳи байналмилалиро ифтитоҳ кард
Таъкид шудааст, ки дар мактаби муосир ҳайати 40-нафараи омӯзгорони муассисаи таълимии “Дурахшандагон” имкон пайдо мекунанд, ки сифати таҳсилро беҳтар намоянд. Дафтари матбуотии раиси ҷумҳурӣ афзуд, ба мактаби "Дурахшандагон" 10 нафар омӯзгори ботаҷриба аз Русия даъват шудааст.
Таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкорони маҳаллиро шоёни таҳсин хондааст.
Лентаи хабарҳо
0