https://sputnik.tj/20211007/millionho-ima-firori-ghani-afghoniston-tahqiq-1042691474.html
Миллионҳои пурасрор: ИМА фирори Ғанӣ аз Афғонистонро таҳқиқ мекунад
Миллионҳои пурасрор: ИМА фирори Ғанӣ аз Афғонистонро таҳқиқ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
ИМА маълумот дар бораи фирори Ғанӣ аз Афғонистон бо миллионҳо долларро тафтиш мекунад, зеро ин ҳанӯз расман исбот нашудааст
2021-10-07T09:53+0500
2021-10-07T09:53+0500
2021-10-07T19:51+0500
има
афғонистон
ашраф ғанӣ
фирор
тафтиш
пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/66/1029876651_0:341:3035:2048_1920x0_80_0_0_6e7314907ac2a2ea9d536b3761b0981c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Мақомоти ИМА маълумот дар бораи рабуда шудани миллионҳо доллар аз ҷониби президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ пеш аз забти кишвар аз сӯи"Толибон"*-ро меомӯзанд, хабар медиҳад "РИА Новости". Нозири кулли ҳукумати ИМА дар бораи таҷдид дар Афғонистон Ҷон Сопко гуфтааст, ки ӯ ҳама маълумотро дар бораи ин парвоз ва ҳамчунин бо пул тафтиш мекунад.Қаблан раисҷумҳури собиқ иттиҳомот дар бораи берун бурдани маблағи зиёди шаҳрвандони Афғонистонро рад карда буд. Ҳол он ки гуфта мешуд, ӯ аз хазина 169 миллион долларро дуздидааст.Манбаъҳои гуногун, аз ҷумла васоити ахбори омма, сиёсатмадорон ва "Толибон"* Ғаниро ба дуздии пул муттаҳам карда, аз ӯ хостаанд, ки ҳама маблағҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаашро баргардонад. Ҳамзамон котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен низ қаблан изҳор дошт, ки мақомоти Амрико дар бораи фирори Ғанӣ бо миллионҳо доллар маълумот надоранд. Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август "Толибон"* ҳамла ба нерӯҳои давлатии Афғонистонро афзоиш доданд ва 15 август вориди Кобул шуданд. Ҳукумати Ғанӣ дар Кобул бидуни ҷанг таслим шуд ва худи ӯ фирор кард.* -созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
https://sputnik.tj/20211003/juziyot-nav-firor-ghani-afghoniston-malum-1042621343.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/66/1029876651_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1e6ba6734d117fe3c69bfb44d31ad8ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
миллионҳо има фирор ғанӣ афғонистон таҳқиқ
миллионҳо има фирор ғанӣ афғонистон таҳқиқ
Миллионҳои пурасрор: ИМА фирори Ғанӣ аз Афғонистонро таҳқиқ мекунад
09:53 07.10.2021 (Навсозишуда: 19:51 07.10.2021) ИМА маълумот дар бораи фирори Ғанӣ аз Афғонистон бо миллионҳо долларро тафтиш мекунад, зеро ин ҳанӯз расман исбот нашудааст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Мақомоти ИМА маълумот дар бораи рабуда шудани миллионҳо доллар аз ҷониби президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ пеш аз забти кишвар аз сӯи"Толибон"*-ро меомӯзанд, хабар медиҳад "РИА Новости".
Нозири кулли ҳукумати ИМА дар бораи таҷдид дар Афғонистон Ҷон Сопко гуфтааст, ки ӯ ҳама маълумотро дар бораи ин парвоз ва ҳамчунин бо пул тафтиш мекунад.
"Мо инро ҳанӯз исбот накардаем, аммо мо ин маълумотро меомӯзем. Аз Кумитаи назорат ва ислоҳот (Палатаи намояндагони ИМА) инро аз мо пурсиданд ",-гуфт Сопко ҳангоми ҷаласае дар Кунгура.
Қаблан раисҷумҳури собиқ иттиҳомот дар бораи берун бурдани маблағи зиёди шаҳрвандони Афғонистонро рад карда буд. Ҳол он ки гуфта мешуд, ӯ аз хазина 169 миллион долларро дуздидааст.
Манбаъҳои гуногун, аз ҷумла васоити ахбори омма, сиёсатмадорон ва "Толибон"* Ғаниро ба дуздии пул муттаҳам карда, аз ӯ хостаанд, ки ҳама маблағҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаашро баргардонад.
Ҳамзамон котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен низ қаблан изҳор дошт, ки мақомоти Амрико дар бораи фирори Ғанӣ бо миллионҳо доллар маълумот надоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август "Толибон"* ҳамла ба нерӯҳои давлатии Афғонистонро афзоиш доданд ва 15 август вориди Кобул шуданд. Ҳукумати Ғанӣ дар Кобул бидуни ҷанг таслим шуд ва худи ӯ фирор кард.
* -созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ