Баргузории конфронси миллӣ барои ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди иқтисоди кишвар

© Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека Таджикистана
Национальная библиотека Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон барои ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди иқтисоди кишвар дар давраи баъди Ковид -19 конфронси миллӣ баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар Душанбе 13-14 октябр конференсияи миллие дар мавзӯи “Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар дар давраи баъди Ковид-19” баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

“Вазорати меҳнат дар доираи баргузории Форуми байналмилалии “Душанбе – инвест”- 2021 конференсияи миллӣ дар мавзӯи “Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар дар давраи баъди Ковид -19” -ро баргузор менамояд”,-қайд кардааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки конфронси мазкур бо мақсади ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ роҳандозӣ мешавад.
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Муроҷиати Рустами Эмомалӣ ба сокинони Душанбе: шаҳрдор чӣ талаб кард
Гуфта мешавад, ки дар кори конфронси мазкур диаспораҳои тоҷикон, аъзои ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон, соҳибкорони муваффақи тоҷик, ки берун аз кишвар қарор доранд, иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.
Конфронси мазкур 13-14 октябри соли 2021 дар шакли ҳузурӣ ва онлайнӣ баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0