https://sputnik.tj/20211003/favt-sobirova-pakhta-suqd-1042624132.html
Фавти Собирова пас аз чидани 70 кило пахта дар як рӯз: бегоҳ дилаш аз кор монд
Фавти Собирова пас аз чидани 70 кило пахта дар як рӯз: бегоҳ дилаш аз кор монд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбар Собирова корманди мактаби рақами 27-и ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки давоми 10 рӯз ба пахтачинӣ сафарбар шуда буд, дар роҳи бозгашт ҷон аз... 03.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-03T16:40+0500
2021-10-03T16:40+0500
2021-10-03T16:40+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
пахтачинӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915505_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_097c2083a36725edee5d006f601d998d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт – Sputnik. Собирова ҳамчун фаррош дар мактаб кор мекард. Ӯ ҳамроҳи кормандони ин муассисаи таълимӣ барои 10 рӯз ба заминҳои пахтазори хоҷагии ба номи Қушшато сафарбар шуданд, вале дар бегоҳи рӯзи 8 -ум дар бошишгоҳи саҳроӣ аз олам даргузашт. Хабари даргузашти Собироваро ҳамкоронаш таъйид намуданд. Абдулаким Ахмедов, директори МТМУ № 27 и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Собирова зоҳиран солим буд ва аз саломатии худ шикоят намекард, аммо бегоҳии рӯзи ҷумъа вақти расидан ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки барои ҷойи хоби кормандони мактаб омода шуда буд, ногаҳон қалбаш аз кор бозмонда ва ҷон ба Ҳақ таслим намудааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Раҳбар Собирова 25 сентябри соли ҷорӣ 53 - сола шуда буд ва наздик ба панҷ соли охир дар МТМУ № 27 минҳайси фаррош кор мекард. Ҷанозаи ӯ, 2 октябр дар қабристони ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки хешу пайвандон ва ҳамкоронаш ба хок супурда шудааст.Фавти ин фарроши мактаб дар роҳи пахтачинӣ дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл Меҳронаи Фурӯзон як хонандаи синфи 9 -и МТМУ № 2 ноҳияи Зафаробод дар заминҳои пахтазор зери чархи трактор монда ба ҳалокат расид.Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шарҳи марги Меҳрона гуфтанд, ки ин хонандаи мактаб аз беэҳтиётӣ зери чархи трактор ба ҳалокат расидааст, аммо волидони ӯ мегуянд, фарзанди онҳо аз суи масъулони маориф ба таври иҷборӣ ба пахтачинӣ фиристода шудаанд. Гулсара Назирова, модари Меҳрона дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дарсҳои фарзандаш баъд аз зуҳр шурӯъ мешуд, вале рӯзи 14 сентябр бо дастури масъулини маорифи ноҳия, омӯзгорон онҳоро ба пахтачинӣ бурда, то бегоҳ дар пахтазор нигоҳ доштаанд. "Аз сифни 9 ба ҳисоби Меҳронаву Сарвиноз инчунин се писар ҳам будаанд. То соатҳои 19:00 - и бегоҳ онҳоро дар саҳро нигоҳ доштаанд. Меҳрона ва Сарвиноз дар болои оҳани бордони (притсеп) трактор истод будаанд, вале ин вақт ронанда тракторро ба ҳаракат медарорад, ки Сарвиноз худро ба поён мерасонад, вале Меҳрона ба замин афтида, зери чархҳои трактор мемонад”, - изҳор намуд Назирова. Дар вилояти Суғд, имсол маъракаи пахтачинӣ аз 11 сентябр оғоз гардид. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳо умдатан дастӣ сурат мегирад ва ба мисли солҳои қаблӣ имсол ҳам кормандони соҳаи буҷавӣ аз ҷумла омӯзгорон ва табибони бемористонҳо бо дастури ҳукумат ба пахтачинӣ фиристода мешаванд.
https://sputnik.tj/20210916/favt-mehrona-pakhtachini-traktor-maorif-1042307887.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915505_70:0:1887:1363_1920x0_80_0_0_e69a48ef76d2862b57d95cc02f46c317.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, суғд, пахтачинӣ
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, суғд, пахтачинӣ
Фавти Собирова пас аз чидани 70 кило пахта дар як рӯз: бегоҳ дилаш аз кор монд
Раҳбар Собирова корманди мактаби рақами 27-и ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки давоми 10 рӯз ба пахтачинӣ сафарбар шуда буд, дар роҳи бозгашт ҷон аз даст дод
ДУШАНБЕ, 3 окт – Sputnik. Собирова ҳамчун фаррош дар мактаб кор мекард. Ӯ ҳамроҳи кормандони ин муассисаи таълимӣ барои 10 рӯз ба заминҳои пахтазори хоҷагии ба номи Қушшато сафарбар шуданд, вале дар бегоҳи рӯзи 8 -ум дар бошишгоҳи саҳроӣ аз олам даргузашт. Хабари даргузашти Собироваро ҳамкоронаш таъйид намуданд.
Абдулаким Ахмедов, директори МТМУ № 27 и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Собирова зоҳиран солим буд ва аз саломатии худ шикоят намекард, аммо бегоҳии рӯзи ҷумъа вақти расидан ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки барои ҷойи хоби кормандони мактаб омода шуда буд, ногаҳон қалбаш аз кор бозмонда ва ҷон ба Ҳақ таслим намудааст.
"Собирова солим буданд ва яке аз ҳашарчиёни пешқадам буданд. Ҳамон рӯз 70 – кило пахта чида, ҳамроҳ бо ҳамкорон то бошишгоҳи саҳроӣ расидаанд, вале соатҳои наздик ба 19 -и бегоҳ бандагӣ кардаанд”, - гуфт директори мактаб.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Раҳбар Собирова 25 сентябри соли ҷорӣ 53 - сола шуда буд ва наздик ба панҷ соли охир дар МТМУ № 27 минҳайси фаррош кор мекард.
Ҷанозаи ӯ, 2 октябр дар қабристони ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки хешу пайвандон ва ҳамкоронаш ба хок супурда шудааст.
Фавти ин фарроши мактаб дар роҳи пахтачинӣ дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл Меҳронаи Фурӯзон як хонандаи синфи 9 -и МТМУ № 2 ноҳияи Зафаробод дар заминҳои пахтазор зери чархи трактор монда ба ҳалокат расид.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шарҳи марги Меҳрона гуфтанд, ки ин хонандаи мактаб аз беэҳтиётӣ зери чархи трактор ба ҳалокат расидааст, аммо волидони ӯ мегуянд, фарзанди онҳо аз суи масъулони маориф ба таври иҷборӣ ба пахтачинӣ фиристода шудаанд.
Гулсара Назирова, модари Меҳрона дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дарсҳои фарзандаш баъд аз зуҳр шурӯъ мешуд, вале рӯзи 14 сентябр бо дастури масъулини маорифи ноҳия, омӯзгорон онҳоро ба пахтачинӣ бурда, то бегоҳ дар пахтазор нигоҳ доштаанд.
"Аз сифни 9 ба ҳисоби Меҳронаву Сарвиноз инчунин се писар ҳам будаанд. То соатҳои 19:00 - и бегоҳ онҳоро дар саҳро нигоҳ доштаанд. Меҳрона ва Сарвиноз дар болои оҳани бордони (притсеп) трактор истод будаанд, вале ин вақт ронанда тракторро ба ҳаракат медарорад, ки Сарвиноз худро ба поён мерасонад, вале Меҳрона ба замин афтида, зери чархҳои трактор мемонад”, - изҳор намуд Назирова.
Дар вилояти Суғд, имсол маъракаи пахтачинӣ аз 11 сентябр оғоз гардид. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳо умдатан дастӣ сурат мегирад ва ба мисли солҳои қаблӣ имсол ҳам кормандони соҳаи буҷавӣ аз ҷумла омӯзгорон ва табибони бемористонҳо бо дастури ҳукумат ба пахтачинӣ фиристода мешаванд.