Дар Суғд шумори мошинҳои сиёҳшиша зиёд шудааст: миллионҳо маблағи он ба куҷо меравад?

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Обуна шудан
Бо вуҷуди баланд шудани нархи иҷозатнома шумори мошинҳои сиёҳшиша дар Суғд бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Дар вилояти Суғд шумораи худравҳои сиёҳшиша 30 дарсад афзудааст.
Дар оморе, ки аз шуъбаи БДА-и раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон ироа гардид, гуфта мешавад, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 13 ҳазору 250 адад воситаи нақлиёти сиёҳшиша ба қайд гирифта шудааст.
Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 30% ва ё 3033 адад зиёд гуфта мешавад.

Бино ба иттилои БДА-и Суғд, дар ин давра соҳибони воситаи нақлиёт барои дарёфти иҷозатномаи сиёҳ намудани шишаи мошинҳо 41 миллиону 121 ҳазору 420 сомонӣ маблағ пардохт кардаанд.

Соли гузашта дар ин давра барои иҷозатномаи сиёҳ намудани шишаҳои мошин аз ҷониби сокинон 30,8 миллион сомонӣ масраф шудааст.
Дар оғози соли ҷорӣ арзиши иҷозатномаи сиёҳ намудани шишаҳои мошин дар Тоҷикистон то 5160 сомонӣ боло рафт.
Тонированное стекло у машины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2020
"Рейд"-и 12 ронандаи "крутой" бо мошинҳои сиёҳшиша дар Душанбе - Видео
Тибқи нархномаи нав, иҷозатномаи сиёҳ намудани шишаҳои мошинҳои соли бароришашон то 2005 3930 сомонӣ ва барои мошинҳои аз соли 2005 боло ҳудуди 5160 сомонӣ муқаррар шудааст. Як соли пеш қимати иҷозатномаи сиёҳкунии шишаҳои мошинҳо аз 3770 то 4988 сомонӣ буд.
Шуморе аз ронандаҳои тоҷик сиёҳ намудани шишаҳои мошинро барои эмин нигоҳ доштани салони мошин аз нурҳои гарми офтоб муфид медонанд. Аммо бархеи дигар мегӯянд, қимати иҷозатнома гарон аст ва аз ин лиҳоз ҳавасманди сиёҳ намудани шишаҳои мошин нестанд.
Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2018
Пешниҳоди Рустам Эмомалӣ ба Ҳукумат: истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар нақлиёт манъ шавад
Мақомоти Тоҷикистон баъд аз чанд соли маҳдудиятҳо дубора шаҳрвандонро иҷозат доданд, ки дар баробари мақомоти баландпояи давлатӣ шишаҳои мошинҳои худро сиёҳ кунанд.
Гуфта мешавад, ки ҳамаи маблағи ба дастомада аз ҳисоби сиёҳ кардани шишаи мошинҳо барои сохтмони НОБ "Роғун" сарф мешавад.
Лентаи хабарҳо
0