https://sputnik.tj/20211006/rusiya-rushdi-mintaqa-ozodi-iqtisodii-tojikiston-musoidat-1042678161.html
Русия ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад
Русия ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Русия барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон кумак мекунанд
2021-10-06T14:45+0500
2021-10-06T14:45+0500
2021-10-06T16:30+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
суғд
данғара
ишкошим
минтақаҳои озоди иқтисодӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042677581_0:50:960:590_1920x0_80_0_0_cfe401644b4d797122a76e01e30321ca.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Ёддошти тафоҳум байни Анҷумани кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Русия ва минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ёддошти тафоҳумҳо, ки бо минтақаҳои озоди иқтисодии "Данғара", "Суғд", "Кулоб", "Панҷ" ва "Ишкошим" имзо гардиданд, заминаи хуб барои рушди ҳамкорӣ мебошанд. Манбаъ афзуд, Ашурбой Солеҳзода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба намояндагони анҷуман барои корбарӣ дар ҷиҳати тақвият додани минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ изҳори сипос кардааст. Шпиленко Андрей, роҳбари Анҷумани кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Русия аз натиҷаи таҳлилҳои гузаронидааш дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо назардошти мушкилоти ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои худро ироа кардааст. Вазорат мегӯяд, Шпиленко фикру ақидаҳои худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун баён дошт. Ҳайати мутахассисони Русия аз 29 сентябр то 6 октябр дар Тоҷикистон қарор дошта, бо масъулину коршиносони тоҷикистонӣ дар мавриди роҳҳои ҷалби сармоягузорӣ, андозбандӣ, ташкили равзанаи ягона ва дигар бахшҳои кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ машваратҳо додаанд.
https://sputnik.tj/20190828/Tavlidot-dar-mintaqahoi-ozodi-iqtisodi-Sugd-peshsaf-Dangara-dar-joi-duyum-1029745723.html
суғд
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042677581_54:0:907:640_1920x0_80_0_0_de87e56a3ae7c769999c6df6f561112c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
минтақаҳои озоди иқтисодӣ, русия, тоҷикистон
минтақаҳои озоди иқтисодӣ, русия, тоҷикистон
Русия ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад
14:45 06.10.2021 (Навсозишуда: 16:30 06.10.2021) Масъулини Анҷумани кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Русия барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон кумак мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Ёддошти тафоҳум байни Анҷумани кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Русия ва минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ёддошти тафоҳумҳо, ки бо минтақаҳои озоди иқтисодии "Данғара", "Суғд", "Кулоб", "Панҷ" ва "Ишкошим" имзо гардиданд, заминаи хуб барои рушди ҳамкорӣ мебошанд.
Манбаъ афзуд, Ашурбой Солеҳзода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба намояндагони анҷуман барои корбарӣ дар ҷиҳати тақвият додани минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ изҳори сипос кардааст.
Шпиленко Андрей, роҳбари Анҷумани кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Русия аз натиҷаи таҳлилҳои гузаронидааш дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо назардошти мушкилоти ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои худро ироа кардааст. Вазорат мегӯяд, Шпиленко фикру ақидаҳои худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун баён дошт.
Ҳайати мутахассисони Русия аз 29 сентябр то 6 октябр дар Тоҷикистон қарор дошта, бо масъулину коршиносони тоҷикистонӣ дар мавриди роҳҳои ҷалби сармоягузорӣ, андозбандӣ, ташкили равзанаи ягона ва дигар бахшҳои кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ машваратҳо додаанд.