Тавлидот дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ: “Суғд” пешсаф, “Данғара” дар ҷои дуюм

© Foto / Свободная экономическая зона "Сугд"В СЭЗ "Сугд" ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия
В СЭЗ Сугд ведутся работы по открытию крупного производственного предприятия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳудуди 80 дарсади моли тавлидшуда дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба МОИ “Суғд” рост меояд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ширкатҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба арзиши ҳудуди 106 миллион сомонӣ, муодили 10,9 миллион доллар коло тавлид карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Посухи раиси ВМКБ ба эътирози сокинон: Файзов бурду бохти “Ишкошим” ва “Тем”-ро гуфт

Манбаъ аз қавли Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки дар чаҳор минтақаи озоди иқтисодии кишвар ҳоло 70 ширкати маҳалливу хориҷӣ сабтином шудаанд. Аз миёни ширкатҳои сабтшуда 20 ададашон ба истеҳсолот машғул мебошанд.

Ба иттилои манбаъ аз ҷумла  дар МОИ “Суғд” 10 ширкат, дар МОИ “Данғара” -  7 ва дар МОИ “Панҷ” 3 ширкат коло тавлид мекунанд.

Ширкатҳои МОИ “Суғд” дар ин муддат ба арзиши 83,2 миллион сомонӣ коло тавлид карданд. Арзиши колоҳои тавлидшуда дар ширкатҳои МОИ “Данғара” ва “Панҷ” 22,4 миллион сомонӣ мебошад.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи аввали соли равон гуфт, 5 созишномаи сармоягузорӣ имзо шуда, 3 адади дигар дар ҳоли мувофиқа бо идораҳои дигар қарор доранд

Ҳамрализода изҳор дошт, ки дар доираи созишномаҳо бо ҷалби 200 миллион доллар 7 корхонаи истеҳсолӣ бунёд хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0