"Ройгон табобат мекунем": Абдуллозода ба аёдати кӯдаке рафт, ки падараш ӯро корд зад

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ТоҷикистонДжамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Обуна шудан
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ба шаҳри Хуҷанд ба аёдати Мавзуна Мирзоахмедоваи 8-сола рафт. Вазир ба ин кӯдак ваъда дод, ки табобаташ ройгон сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Дар шифохонаи шаҳри Хуҷанд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар зимни аёдат Абдуллозода ба табибон дастур додааст, ки табобати ин духтарро ройгон анҷом диҳанд.
Мавзуна Мирзоахмедова панҷ рӯз аст, ки дар шуъбаи эҳёи шифохонаи шаҳрии №1-и Хуҷанд қарор дорад.
Ӯ яке аз се узви хонаводаи захмишудаи ҳодисаи хунин дар Хуҷанд, гуфта мешавад, ки шаби 1 ба 2 октябр аз сӯи падараш Мансур Мирзоахмедов бо корд захмӣ гардид.
Падари хонавода дар заминаи як муноқишаи оилавӣ дар дили шаб ба ҳамсараш Умеда Мирдадоева, фарзандонаш Мавзуна ва Хумрихон бо корд ҳамла карда, онҳоро шадидан захмӣ ва сипас қасд ба ҷони худ кард.
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Аҳволи Мавзунаи захмӣ аз корди падар вазнин аст: ҷузъиёти ҳодисаи хунини Хуҷанд
Дар пайи ин ҳодисаи мудҳиш Хумрихони 11-сола, хоҳари Мавзуна ба ҳалокат расидааст. Алҳол Умеда, модари Мавзуна дар шуъбаи эҳёи бемористони клиникавии Суғд бистарӣ аст.
Мирзоахмедовҳо сокинони ӯзбектабори деҳаи Ҳамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, онҳо дар маҳаллаи Хуррамшаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекарданд. Ин воқеаи мудҳиш дар хонаи истиқоматии онҳо дар маҳаллаи Хуррамшаҳр рӯй додааст.
Сокини Хуҷанд дар посе аз шаб ҳамсару фарзандонашро корд зад
Манобеъ аз Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Мирзоахмедов омӯзгори собиқи фанни риёзии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Ӯ ҳоло аспиранти Донишгоҳи Красноярски Русия мебошад. Бародараш Мухтор ва падараш Мавлон ҳам дар гузашта омӯзгорони донишгоҳ буданд. Далели ба ин кор даст задани ӯ барои падар ва бародараш норӯшан аст.
Гуфта мешавад, додситонии шаҳри Хуҷанд алайҳи Мирзоахмедов бо моддаҳои 104, қисми 2 ва 32, қисми 3, Кодекси ҷиноӣ парванда боз намудааст.
Лентаи хабарҳо
0