https://sputnik.tj/20211005/mavzuna-vaznin-juziyot-hodisa-khunin-khujand-1042652406.html
Аҳволи Мавзунаи захмӣ аз корди падар вазнин аст: ҷузъиёти ҳодисаи хунини Хуҷанд
Аҳволи Мавзунаи захмӣ аз корди падар вазнин аст: ҷузъиёти ҳодисаи хунини Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Табибон вазъи саломатии Мавзуна Мирзоахмедова яке аз се узви захминшудаи ҳодисаи хунин дар Хуҷандро вазнин арзёбӣ мекунанд
2021-10-05T11:54+0500
2021-10-05T11:54+0500
2021-10-05T12:16+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
куштор
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/94/1022269477_0:0:2311:1301_1920x0_80_0_0_d665ac50108b2f26c822f40306792ba4.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Мирзоахмедова дар шуъбаи эҳёи бемористони шаҳрии №1 дар Хуҷанд бистарӣ аст. Эҳсон Саидов, муовини сартабиби ин бемористон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи саломатии ӯро шарҳ дод. Мавзуна яке аз се узви хонавода аст, ки дар Хуҷанд аз сӯйи падараш бо корд захмӣ шуд. Мансур Мирзоахмедов дар заминаи як муноқишаи оилавӣ дар шаби якум ба дуюми октябр болои ҳамсараш Умеда Мирдадоева ва фарзандонаш Мавзуна ва Хумрихон бо корд ҳамла карда, сипас қасди худкушӣ кардааст. Мирзоахмедовҳо сокинони ӯзбектабори деҳаи Ҳамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, онҳо дар маҳаллаи Хуррамшаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекарданд. Ин воқеаи мудҳиш ҳам дар хонаи истиқоматии онҳо дар маҳаллаи Хуррамшаҳр рӯй додааст. Манобеъ аз РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Мирзоахмедов Мансур Мавлонович, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи маҳаллаи Хуррамшаҳр Хуҷанд дар натиҷаи як муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш Умеда Мирдадоеваи 32-сола ба духтаронаш Мавзунахони 8 ва Хумрихон 9-сола дарафтода, онҳоро бо зарби корд захмӣ карда, сипас бо мақсади худкушӣ худашро низ корд задааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса Хумрихон аз захми корд ба ҳалокат мерасад.Бино ба иттилои дарёфтӣ, алҳол Умеда Мирдадоева дар шуъбаи эҳёи шифохонаи клиникии Суғд ба номи С. Қутфиддинов бистарӣ аст. Манобеъ аз Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Мирзоахмедов омӯзгори собиқи фанни риёзии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Ӯ ҳоло аспиранти Донишгоҳи Красноярски Русия аст. Бародараш Мухтор ва падараш Мавлон ҳам дар гузашта омӯзгорони донишгоҳ буданд. Аммо чӣ ӯро водор намудааст, ки ба куштори ҳамсар ва фарзандонаш даст бизанад, барои падару бародараш низ рӯшан нест. Гуфта мешавад, додситонии шаҳри Хуҷанд алайҳи Мирзоахмедов бо моддаҳои 104, қисми 2 ва 32, қисми 3, Кодекси ҷиноӣ парванда боз намудааст.
https://sputnik.tj/20211004/marde-khujand-hamsar-dukhtar-kord-1042634864.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/94/1022269477_200:0:2257:1543_1920x0_80_0_0_8b50b496116a7b58b9c13cd785e83700.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳвол мавзуна падар захмӣ вазнин ҳодиса хунин хуҷанд
аҳвол мавзуна падар захмӣ вазнин ҳодиса хунин хуҷанд
Аҳволи Мавзунаи захмӣ аз корди падар вазнин аст: ҷузъиёти ҳодисаи хунини Хуҷанд
11:54 05.10.2021 (Навсозишуда: 12:16 05.10.2021) Табибон вазъи саломатии Мавзуна Мирзоахмедова, яке аз се узви захмишудаи ҳодисаи хунин дар Хуҷандро вазнин арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Мирзоахмедова дар шуъбаи эҳёи бемористони шаҳрии №1 дар Хуҷанд бистарӣ аст.
Эҳсон Саидов, муовини сартабиби ин бемористон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи саломатии ӯро шарҳ дод.
“Вазъи саломатии Мавзуна вазнин арзёбӣ мешавад. Ӯ зери муроқибати пайвастаи табибони шуъба қарор дорад”,-гуфт Саидов.
Мавзуна яке аз се узви хонавода аст, ки дар Хуҷанд аз сӯйи падараш бо корд захмӣ шуд. Мансур Мирзоахмедов дар заминаи як муноқишаи оилавӣ дар шаби якум ба дуюми октябр болои ҳамсараш Умеда Мирдадоева ва фарзандонаш Мавзуна ва Хумрихон бо корд ҳамла карда, сипас қасди худкушӣ кардааст.
Мирзоахмедовҳо сокинони ӯзбектабори деҳаи Ҳамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, онҳо дар маҳаллаи Хуррамшаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекарданд. Ин воқеаи мудҳиш ҳам дар хонаи истиқоматии онҳо дар маҳаллаи Хуррамшаҳр рӯй додааст.
Манобеъ аз РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Мирзоахмедов Мансур Мавлонович, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи маҳаллаи Хуррамшаҳр Хуҷанд дар натиҷаи як муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш Умеда Мирдадоеваи 32-сола ба духтаронаш Мавзунахони 8 ва Хумрихон 9-сола дарафтода, онҳоро бо зарби корд захмӣ карда, сипас бо мақсади худкушӣ худашро низ корд задааст.
Дар натиҷаи ин ҳодиса Хумрихон аз захми корд ба ҳалокат мерасад.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, алҳол Умеда Мирдадоева дар шуъбаи эҳёи шифохонаи клиникии Суғд ба номи С. Қутфиддинов бистарӣ аст.
Манобеъ аз Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Мирзоахмедов омӯзгори собиқи фанни риёзии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Ӯ ҳоло аспиранти Донишгоҳи Красноярски Русия аст.
Бародараш Мухтор ва падараш Мавлон ҳам дар гузашта омӯзгорони донишгоҳ буданд. Аммо чӣ ӯро водор намудааст, ки ба куштори ҳамсар ва фарзандонаш даст бизанад, барои падару бародараш низ рӯшан нест.
Гуфта мешавад, додситонии шаҳри Хуҷанд алайҳи Мирзоахмедов бо моддаҳои 104, қисми 2 ва 32, қисми 3, Кодекси ҷиноӣ парванда боз намудааст.