https://sputnik.tj/20211005/tolibon-hazoraro-kushtaand-1042667007.html
"Толибон"* 13 ҳазораро куштаанд
"Толибон"* 13 ҳазораро куштаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷангиёни созмони террористии "Толибон"* дар Афғонистон 13 намояндаи миллати ҳазораро ба қатл расондаанд
2021-10-05T19:36+0500
2021-10-05T19:36+0500
2021-10-05T20:15+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
афғонистон
толибон
куштор
ҳазора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042249788_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_598fb85648275faccef59f6b61cc28a7.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Куштори ҳазораҳо дар вилояти Дайкундӣ рух додааст, хабар дод Sputnik Тоҷикистон бо такя ба гузориши "Amnesty International". Ба иттилои манбаъ, ҳодиса ҳанӯз 30 август рух додааст, аммо гузориш дар бораи он ахиран дастраси омма гардид. Манбаъ афзуд, ки куштори ҳазораҳо дар қишлоқи Кахури ноҳияи Хадир рух додааст. Дар миёни кушташудаҳо 11 корманди собиқи артиши Афғонистон ва ду нафари мулкӣ будаанд. Таъкид шудааст, ки яке аз сокинони мулкии кушташуда духтари ноболиғ будааст, ки ҳамагӣ 17 сол доштааст. Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури қаблии Афғонистон тарки кишвар кард. Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд, ки мавриди таҳримҳои СММ мебошанд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки муборизаро барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод. *-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211005/makron-shart-etirof-hukumati-tolibon-1042654919.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042249788_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_1c23116769e440bbdb15099c12bc3dc0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созмон, террористӣ, ҳазора, куштор, афғонистон, толибон
созмон, террористӣ, ҳазора, куштор, афғонистон, толибон
"Толибон"* 13 ҳазораро куштаанд
19:36 05.10.2021 (Навсозишуда: 20:15 05.10.2021) Ҷангиёни созмони террористии "Толибон"* дар Афғонистон 13 намояндаи миллати ҳазораро ба қатл расондаанд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Куштори ҳазораҳо дар вилояти Дайкундӣ рух додааст, хабар дод Sputnik Тоҷикистон бо такя ба гузориши "Amnesty International".
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса ҳанӯз 30 август рух додааст, аммо гузориш дар бораи он ахиран дастраси омма гардид.
Манбаъ афзуд, ки куштори ҳазораҳо дар қишлоқи Кахури ноҳияи Хадир рух додааст. Дар миёни кушташудаҳо 11 корманди собиқи артиши Афғонистон ва ду нафари мулкӣ будаанд. Таъкид шудааст, ки яке аз сокинони мулкии кушташуда духтари ноболиғ будааст, ки ҳамагӣ 17 сол доштааст.
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури қаблии Афғонистон тарки кишвар кард.
Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд, ки мавриди таҳримҳои СММ мебошанд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки муборизаро барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар