https://sputnik.tj/20211005/rahmon-tabrikot-mirziyoev-intikhobot-komyobi-1042669568.html
Раҳмон табрикоти Мирзиёевро шуниду барояш дар интихобот комёбӣ хост
Раҳмон табрикоти Мирзиёевро шуниду барояш дар интихобот комёбӣ хост
Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбати телефонӣ ба ҳамдигар таманниёташонро баён доштанд
2021-10-05T20:01+0500
2021-10-05T20:01+0500
2021-10-05T20:18+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042308340_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_4bc1b5197ae702e41e2749a9721a228a.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиаш муваффақиятҳо ба нафъи мардуми Тоҷикистон орзу намудаст. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистонро анъанаҳои деринаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва риштаҳои қавии дӯстӣ бо ҳам мепайванданд."Ҳамчунин қайд карда шуд, ки то ба имрӯз ҷонибҳо корҳои зиёди созандаро ҷиҳати рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар қолаби шарикии стратегӣ ба анҷом расониданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин раванд минбаъд ҳам таъмиқу тавсеа хоҳад ёфт",-гузориш дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.Дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳомн барои Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии дарпешистодаи Ӯзбекистон комёбӣ хостааст. Интихоботи раисҷумҳури Ӯзбекистон 24 октябр дар назар аст. Суҳбати ҷонибҳо дар рӯзи таҷлил аз 69-умин солгарди Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20211004/sokinon-sughd-uzbekiston-tashkhisgohho-tojikiston-bovar-1042638643.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042308340_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_e1d5ef312a03be49c74e5e53c7184ae2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, ӯзбекистон, шавкат мирзиёев
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, ӯзбекистон, шавкат мирзиёев
Раҳмон табрикоти Мирзиёевро шуниду барояш дар интихобот комёбӣ хост
20:01 05.10.2021 (Навсозишуда: 20:18 05.10.2021) Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ ба ҳамдигар таманниёташонро баён доштанд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиаш муваффақиятҳо ба нафъи мардуми Тоҷикистон орзу намудаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистонро анъанаҳои деринаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва риштаҳои қавии дӯстӣ бо ҳам мепайванданд.
"Ҳамчунин қайд карда шуд, ки то ба имрӯз ҷонибҳо корҳои зиёди созандаро ҷиҳати рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар қолаби шарикии стратегӣ ба анҷом расониданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин раванд минбаъд ҳам таъмиқу тавсеа хоҳад ёфт",-гузориш дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳомн барои Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии дарпешистодаи Ӯзбекистон комёбӣ хостааст. Интихоботи раисҷумҳури Ӯзбекистон 24 октябр дар назар аст.
Суҳбати ҷонибҳо дар рӯзи таҷлил аз 69-умин солгарди Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.