https://sputnik.tj/20211004/sokinon-sughd-uzbekiston-tashkhisgohho-tojikiston-bovar-1042638643.html
Ӯзбекистон ба ташхисгоҳҳои Тоҷикистон бовар надорад: 130 сомонӣ барои ташхиси нав мегиранд
Ӯзбекистон ба ташхисгоҳҳои Тоҷикистон бовар надорад: 130 сомонӣ барои ташхиси нав мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони вилояти Суғд мегуянд, дар гузаргоҳҳои наздимарзии Ӯзбекистон ҳанӯз ба ташхиси тиббии онҳо дар бораи коронавирус бовар накарда, онҳоро водор мекунанд, ки тести нав супоранд
2021-10-04T16:50+0500
2021-10-04T16:50+0500
2021-10-04T19:10+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
суғд
ӯзбекистон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042009430_102:0:1178:605_1920x0_80_0_0_e738aa25969fda16d687c15c7027e935.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Мусофирони тоҷик мегӯянд, ташхиси наве, ки дар гузаргоҳҳои Ӯзбекистон мешавад, пулакӣ буда, 120 ҳазор сӯм, муодили 130 сомонӣ аст.Бахтиёр, як сокини шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, се рӯзи пеш барои табобат бо модараш ба шаҳри Тошканд сафар кард. Онҳо дар даст тести (ПЦР) коронавирус доштанд, вале дар гузаргоҳи Ойбек сарҳадбонони ӯзбек водорашон намудаанд, ки аз нав ташхис шаванд. Мусофирони дигари тоҷик ҳам дар бораи тестсупорӣ дар гузаргоҳҳои Ӯзбекистон ибрози назар намуданд. Яке аз онҳо, ки тоза аз сафари Тошканд баргаштааст, иброз намуд, ки ҳангоми гузаштан аз сарҳад танҳо маълумотномаи ваксинаро ба инобат мегиранд. "Агар ваксина гирифта бошед, бе супоридани тест сарҳадро гузашта метавонед. Агар не, бо тести дастатон бовар намекунанд, аз нав ташхиси коронавирусро талаб мекунанд”,- афзуд ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон. Масъулони идораи тандурустии Суғд ҳам мегӯянд, аз ин мушкили сокинон бохабаранд.Ин дар ҳолест, ки як ҳафта ба ин тараф дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашуда ва омори ин маризӣ ҳам ба сифр расидааст. Рустам Бӯрибоев, сартабиби шифохонаи касалиҳои сирояткунандаи Суғд рӯзи 28-уми сентябр дар бораи шифоёбӣ ва рухсатшавии охирин гирифтори коронавирус дар шимоли Тоҷикистон иттилоъ дод. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам 3 октябр иттилоъ дод, ки дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории коронавирус дар ин сана ба қайд гирифта нашудааст. Бар пояи иттилои Вазорати тандурустӣ, як ҳафта мешавад, ки касе аз шаҳрвандон ба ин беморӣ гирифтор нашудааст. Аммо бо вуҷуди нашри омори расмӣ дар бораи адами бемории коронавирус дар Тоҷикистон ҳамоно дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар Ӯзбекистон ба ташхиси тиббӣ бовар надоранд ва аз мусофирони тоҷик тестҳои нав мегиранд. Бино ба арзёбии сокинони вилояти Суғд, бисёриҳо барои парвоз ба Русия ва табобат дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон гузаргоҳҳои сарҳадиро убур мекунанд.
https://sputnik.tj/20210916/tojikiston-muboriza-koronavirus-kumak-1042291292.html
суғд
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042009430_237:0:1044:605_1920x0_80_0_0_e2a8821f20d5fa773ea8ea40dd31fa6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд ӯзбекистон ташхис коронавирус
суғд ӯзбекистон ташхис коронавирус
Ӯзбекистон ба ташхисгоҳҳои Тоҷикистон бовар надорад: 130 сомонӣ барои ташхиси нав мегиранд
16:50 04.10.2021 (Навсозишуда: 19:10 04.10.2021) Сокинони вилояти Суғд мегӯянд, дар гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистон ҳанӯз ба ташхиси тиббии онҳо дар бораи коронавирус бовар накарда, эшонро водор мекунанд, ки муҷаддадан озмоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Мусофирони тоҷик мегӯянд, ташхиси наве, ки дар гузаргоҳҳои Ӯзбекистон мешавад, пулакӣ буда, 120 ҳазор сӯм, муодили 130 сомонӣ аст.
Бахтиёр, як сокини шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, се рӯзи пеш барои табобат бо модараш ба шаҳри Тошканд сафар кард. Онҳо дар даст тести (ПЦР) коронавирус доштанд, вале дар гузаргоҳи Ойбек сарҳадбонони ӯзбек водорашон намудаанд, ки аз нав ташхис шаванд.
"Ба қоғази тиббии ҳеҷ мусофир бовар намекунанд. Маҷбур мешавед, 120 ҳазор сӯм (130 сомонӣ) пардохт намуда, аз нав тести коронавирус супоред, вагарна барои гузаштан аз сарҳад иҷоза намедиҳанд",-гуфт Бахтиёр.
Мусофирони дигари тоҷик ҳам дар бораи тестсупорӣ дар гузаргоҳҳои Ӯзбекистон ибрози назар намуданд.
Яке аз онҳо, ки тоза аз сафари Тошканд баргаштааст, иброз намуд, ки ҳангоми гузаштан аз сарҳад танҳо маълумотномаи ваксинаро ба инобат мегиранд. "Агар ваксина гирифта бошед, бе супоридани тест сарҳадро гузашта метавонед. Агар не, бо тести дастатон бовар намекунанд, аз нав ташхиси коронавирусро талаб мекунанд”,- афзуд ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Масъулони идораи тандурустии Суғд ҳам мегӯянд, аз ин мушкили сокинон бохабаранд.
Ин дар ҳолест, ки як ҳафта ба ин тараф дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашуда ва омори ин маризӣ ҳам ба сифр расидааст.
Рустам Бӯрибоев, сартабиби шифохонаи касалиҳои сирояткунандаи Суғд рӯзи 28-уми сентябр дар бораи шифоёбӣ ва рухсатшавии охирин гирифтори коронавирус дар шимоли Тоҷикистон иттилоъ дод.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам 3 октябр иттилоъ дод, ки дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории коронавирус дар ин сана ба қайд гирифта нашудааст.
Бар пояи иттилои Вазорати тандурустӣ, як ҳафта мешавад, ки касе аз шаҳрвандон ба ин беморӣ гирифтор нашудааст.
"Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар мамлакат 17084 нафар гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16960 нафар шифо ёфта, 124 нафар шаҳрванди мамлакат фавтидааст”,-омадааст дар иттилояи Вазорати тандурустӣ.
Аммо бо вуҷуди нашри омори расмӣ дар бораи адами бемории коронавирус дар Тоҷикистон ҳамоно дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар Ӯзбекистон ба ташхиси тиббӣ бовар надоранд ва аз мусофирони тоҷик тестҳои нав мегиранд. Бино ба арзёбии сокинони вилояти Суғд, бисёриҳо барои парвоз ба Русия ва табобат дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон гузаргоҳҳои сарҳадиро убур мекунанд.