https://sputnik.tj/20211005/qiroat-sher-amrikoiho-zaboni-tojiki-1042668693.html
Қироати шеъри амрикоиҳо ба забони тоҷикӣ - видео
Қироати шеъри амрикоиҳо ба забони тоҷикӣ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони сафорати ИМА дар Тоҷикистон порчаҳои шеъриро ба забони тоҷикӣ қироат карданд
2021-10-05T20:35+0500
2021-10-05T20:35+0500
2021-10-06T19:12+0500
дар тоҷикистон
има
шеър
рӯзи забони давлатӣ
қироат
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042667837_0:24:1183:689_1920x0_80_0_0_2bf9c2dc44de5108f8bc1249a20ed38b.jpg
Амрикоиҳои Тоҷикистон - кормандони сафорати ИМА дар Душанбе ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ шеър қироат карданд.Онҳо порчаҳоро аз эҷодиёти шоир Салим Кенҷа дар васфи забони модарӣ қироат намуданд.Дар наворе, ки сафорати ИМА дар шабакаи "Youtube" нашр кардааст, дида мешавад, ки шаш амрикоӣ дар қироати шеъри тоҷикӣ ҳунари хуб нишон медиҳанд. Ҳамин тавр Шефали, Ҷей, Кейтлин, Арун ва Дейвид бо ин усул мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ муборакбод гуфтанд.Ин бори аввал нест, ки мақомдорони хориҷӣ дар ҷашнҳои давлатию миллӣ шеърҳои тоҷикӣ қироат мекунанд.Сафир - овозхон: Ҳю Филпотт таронаи "Муҳаббат"- ро бозхонӣ ва занони тоҷикро мафтун кардСоли 2019 сафири Бритониё ва Ирландия дар Тоҷикистон занони тоҷикро ба муносибати Иди бонувон бо иҷрои таронаи машҳури "Муҳаббат" шодбош гуфт ва боиси пазироии гарми онҳо гардид.Қироати шеъри Рӯмӣ ва саломи тоҷикӣ: паёми сафири нави Амрико дар Тоҷикистон -НаворҲамчунин Ҷон Марк Поммершайм сафири нави Амрико дар Тоҷикистон қабл аз сафараш ба Душанбе дар наворе паёмашро фиристод ва онро бо як мисраи Ҷалолиддини Румӣ -“ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”, анҷом дод.
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042667837_115:0:1066:713_1920x0_80_0_0_0438c5f366c1ea12685b6d7664e6c608.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қироати шеър, амрикоиҳо, ба забони тоҷикӣ
қироати шеър, амрикоиҳо, ба забони тоҷикӣ
Қироати шеъри амрикоиҳо ба забони тоҷикӣ - видео
20:35 05.10.2021 (Навсозишуда: 19:12 06.10.2021) Кормандони сафорати ИМА дар Тоҷикистон порчаҳои шеъриро ба забони тоҷикӣ қироат карданд
Амрикоиҳои Тоҷикистон - кормандони сафорати ИМА дар Душанбе ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ шеър қироат карданд.
Онҳо порчаҳоро аз эҷодиёти шоир Салим Кенҷа дар васфи забони модарӣ қироат намуданд.
Дар наворе, ки сафорати ИМА дар шабакаи "Youtube" нашр кардааст, дида мешавад, ки шаш амрикоӣ дар қироати шеъри тоҷикӣ ҳунари хуб нишон медиҳанд.
Ҳамин тавр Шефали, Ҷей, Кейтлин, Арун ва Дейвид бо ин усул мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ муборакбод гуфтанд.
Ин бори аввал нест, ки мақомдорони хориҷӣ дар ҷашнҳои давлатию миллӣ шеърҳои тоҷикӣ қироат мекунанд.
Соли 2019 сафири Бритониё ва Ирландия дар Тоҷикистон занони тоҷикро ба муносибати Иди бонувон бо иҷрои таронаи машҳури "Муҳаббат" шодбош гуфт ва боиси пазироии гарми онҳо гардид.
Ҳамчунин Ҷон Марк Поммершайм сафири нави Амрико дар Тоҷикистон қабл аз сафараш ба Душанбе дар наворе паёмашро фиристод ва онро бо як мисраи Ҷалолиддини Румӣ -“ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”, анҷом дод.