ВКД Русия: Ба сари қудрат омадани “Толибон”* роҳи тундгароёнро боз мекунад

© ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкФСБ РФ предотвратила теракт в столичном регионе
ФСБ РФ предотвратила теракт в столичном регионе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилӣ аз фаъол шудани эҳсосоти тундгароёна дар миёни муҳоҷирон дар Русия изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба сари қудрат омадани “Толибон”* дар Афғонистон масъалаи муҳоҷират дар Русияро хеле мушкил мекунад, гуфт Владимир Овчинский, мушовири вазири корҳои дохилӣ дар мусоҳиба бо нашрияи "Красная весна".
"Мушкилоти асосӣ он аст, ки дар муҳити муҳоҷирон пирӯзии “Толибон”* метавонад ҳамчун ангезае барои тақвияти амалҳои ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия бошад", - шарҳ дод оқои Овчинский.
Вай афзуд, ахиран ФСБ-и Русия аллакай чанд гурӯҳи муҳоҷиронро боздошт намудааст, ки тасмими анҷоми ҳамлаҳои террористиро доштанд ва ба ҷалби нафарони дигар машғул буданд.
ВКД-и Русия аз эҳтимоли тамдиди муҳлати сабукиҳо барои муҳоҷирон гуфт
Овчинский қайд кард, ки шумораи муҳоҷирони дорои ақидаҳои тунгароёна шояд ба таври назаррас афзоиш наёбад, аммо метавонад бештар гардад.

"Ин метавонад дигар ҷиноятҳо, барои мисол, гардиши маводи мухаддир дар миёни муҳоҷиронро бештар кунад", - илова кард мушовири вазири коҳои дохилии Русия.

Вай илова кард, ҳоло ҳатто гурӯҳҳое ҳастанд, ки барои амали террористӣ омодаанд ва ин аллакай ба кишвар таҳдид мекунад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0