https://sputnik.tj/20211004/vkd-rusiya-tamdidi-muhlati-sabukiho-muhojiron-1042638870.html
ВКД-и Русия аз эҳтимоли тамдиди муҳлати сабукиҳо барои муҳоҷирон гуфт
ВКД-и Русия аз эҳтимоли тамдиди муҳлати сабукиҳо барои муҳоҷирон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилаи Русия таъкид кардааст, ки барои он, ки муҳоҷирон дар Русия ба таври қонуни кору фаъолият намоянд, ба онҳо кумак кардан лозим аст
2021-10-04T17:10+0500
2021-10-04T17:10+0500
2021-10-04T17:10+0500
муҳоҷират
вкд
сабукиҳо ба муҳоҷирин
тамдид
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 4 окт - Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Русия қайд кард аст, ки шумори дақиқи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия маълум нест.Владимир Овчинский, мушовири вазири корҳои дохилӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории “Красная Весна” гуфтааст, ба таври миёна шумораи умумии муҳоҷирон дар Русия аз 1,5 то 2,5 миллион гуфта мешавад.Вай афзуд, шумораи воқеии хориҷиён дар Русия метавонад беш аз 10 миллион нафар бошад.Муҳдуд будани муҳлат - як чораи зарурист, ки бояд ба "раванди қонунигардонии муҳоҷирон суръат мебахшид", - илова намуд мушовири Вазорати корҳои дохилӣ.Мушовири вазири корҳои дохилии Русия зикр кард, ки аз як миллион муҳоҷир як фоизи онҳое, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд ё ҳатто бо терроризм гумонбар дониста мешаванд, барои эҷоди мушкилоти ҷиддӣ дар кишвар кофӣ аст. Аз ин рӯ, расмикунонии хориҷиён дар Русия бисёр муҳим аст.
https://sputnik.tj/20210924/hushdor-maqomot-muhojiron-huzur-deport-1042481505.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, тамдид, мораторий, сабукиҳо, вкд русия
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, тамдид, мораторий, сабукиҳо, вкд русия
ВКД-и Русия аз эҳтимоли тамдиди муҳлати сабукиҳо барои муҳоҷирон гуфт
Вазорати корҳои дохилии Русия эълон кард, барои он ки муҳоҷирон дар Русия ба таври қонунӣ кору фаъолият намоянд, ба онҳо кумак кардан лозим аст
ДУШАНБЕ, 4 окт - Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Русия қайд кард аст, ки шумори дақиқи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия маълум нест.
Владимир Овчинский, мушовири вазири корҳои дохилӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории “Красная Весна” гуфтааст, ба таври миёна шумораи умумии муҳоҷирон дар Русия аз 1,5 то 2,5 миллион гуфта мешавад.
Вай афзуд, шумораи воқеии хориҷиён дар Русия метавонад беш аз 10 миллион нафар бошад.
Муҳдуд будани муҳлат - як чораи зарурист, ки бояд ба "раванди қонунигардонии муҳоҷирон суръат мебахшид", - илова намуд мушовири Вазорати корҳои дохилӣ.
"Шумори зиёди онҳо қонунӣ карда шуданд. Ҳоло аз онҳо изи ангушт мегиранд, сабтҳои электронӣ мегузоранд. Албатта, на ҳамаи онҳо то 30 сентябр тавонистанд ҳузури худро расмӣ кунанд. Агар нафароне, ки дар навбат меистанд, пинҳон намешаванд, пас бояд ба онҳо кумак ва ихроҷи онҳоро муваққатан қатъ кард",-гуфт Овчинский.
Мушовири вазири корҳои дохилии Русия зикр кард, ки аз як миллион муҳоҷир як фоизи онҳое, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд ё ҳатто бо терроризм гумонбар дониста мешаванд, барои эҷоди мушкилоти ҷиддӣ дар кишвар кофӣ аст. Аз ин рӯ, расмикунонии хориҷиён дар Русия бисёр муҳим аст.