https://sputnik.tj/20210924/hushdor-maqomot-muhojiron-huzur-deport-1042481505.html
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Вақт кам монд, ҳузури худро расмӣ кунед, то ихроҷ нашавед
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Вақт кам монд, ҳузури худро расмӣ кунед, то ихроҷ нашавед
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд ҳузурашонро дар қаламрави ин кишвар қонунӣ кунанд, то аз макони кору зиндагиашо хориҷ нашаванд
2021-09-24T17:25+0500
2021-09-24T17:25+0500
2021-09-24T18:35+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
вазорати меҳнат
расмӣ
намояндагӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408781_0:173:3099:1916_1920x0_80_0_0_8e3fb3148677559ef04c5d02673adc72.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори дигар ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳушдор додааст, ки муҳлати расмикунонӣ то 30 сентябри соли равон идома меёбадМанбаъ қайд намудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва маблағи муайяншуда барои ҳақи иҷозати фаъолияти меҳнатиро пардохт намоянд, то 30 сентябри соли равон метавонанд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳиявии худ муроҷиат намуда, расман худро ба қайд гирифта, дубора ба мақомоти марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд.“Ҳамзамон, дар доираи фармони мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, метавонанд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз ҷаримаи муайншудаи мақомоти давлатӣ расман худро ба қайд бигиранд”, - таъкид доштааст намояндагии вазорати меҳнат.Ёдрас мешавем, ки тибқи фармони президенти Русия “Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)”, муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Федератсияи Россия то санаи 30 сентябри соли 2021 эътибор дорад.Пас аз 30 сентябри соли 2021 шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд, аз кишвари иқомат ихроҷ карда мешавад.
https://sputnik.tj/20210801/qoidahoi-nav-az-1-avgust-dar-rusiya-baroi-muhojiron-chi-taghyir-meyobad-1041337936.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408781_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0b65c76ca586af01153276de5d00c01f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати меҳнат, муҳоҷират, қорунӣ, расмӣ, вазорати меҳнат, намояндагӣ
тоҷикистон, вазорати меҳнат, муҳоҷират, қорунӣ, расмӣ, вазорати меҳнат, намояндагӣ
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Вақт кам монд, ҳузури худро расмӣ кунед, то ихроҷ нашавед
17:25 24.09.2021 (Навсозишуда: 18:35 24.09.2021) Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, хост ҳузурашонро дар қаламрави ин кишвар қонунӣ кунанд, то аз макони кору зиндагиашо хориҷ нашаванд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори дигар ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳушдор додааст, ки муҳлати расмикунонӣ то 30 сентябри соли равон идома меёбад
“Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонем, ки расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иқомат дар кишвари будубош ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ идома дорад”, - қайд кардааст манбаъ
Манбаъ қайд намудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва маблағи муайяншуда барои ҳақи иҷозати фаъолияти меҳнатиро пардохт намоянд, то 30 сентябри соли равон метавонанд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳиявии худ муроҷиат намуда, расман худро ба қайд гирифта, дубора ба мақомоти марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд.
“Ҳамзамон, дар доираи фармони мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, метавонанд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз ҷаримаи муайншудаи мақомоти давлатӣ расман худро ба қайд бигиранд”, - таъкид доштааст намояндагии вазорати меҳнат.
Ёдрас мешавем, ки тибқи фармони президенти Русия “Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)”, муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Федератсияи Россия то санаи 30 сентябри соли 2021 эътибор дорад.
Пас аз 30 сентябри соли 2021 шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд, аз кишвари иқомат ихроҷ карда мешавад.