https://sputnik.tj/20211004/tolibon-shariat-islomi-omuzish-zanon-mukholifat-1042636602.html
Сарпарасти Вазорати маорифи “Толибон”*: Шариати исломӣ мухолифи омӯзиши занон нест
Сарпарасти Вазорати маорифи “Толибон”*: Шариати исломӣ мухолифи омӯзиши занон нест
Sputnik Тоҷикистон
Сарпарасти вазорати маорифи гурӯҳи “Толибон”* гуфтааст, ки шариати исломӣ бо омузиши занон мухолифат надорад
2021-10-04T16:30+0500
2021-10-04T16:30+0500
2021-10-04T16:47+0500
афғонистон
мухолифат
хондан
занон
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042101638_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d9cdbfc7742cda9e77e051469781ef90.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Шайх Нуруллоҳи Мунир, сарпарасти Вазорати маорифи “Толибон”* дар суҳбат бо телевизиони "Ал-ҷазира" гуфтааст, ки шариати исломӣ мухолифи таълими занон нест ва ҳукумати онҳо ҳам иродаи мухолифат бо омӯзиши духтаронро надорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба "Amaj News".Вай афзуд, ки онон мутобиқ ба усули шариати исломӣ дар талошанд, то ба ҳама занон замина ва муҳити муносиби омӯзишро баробар кунанд. Ба гуфтаи ӯ, онон ҳеҷ гоҳ аз қавонини ғарбӣ истифода нахоҳанд кард.Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, Вазорати маориф иродаи тағйири барномаи таълимиро надорад, аммо зарур аст, барномаи таълимӣ, ки хилофи шариати исломӣ ва фарҳанги Афғонистон аст, иваз карда шавад.Мунир таъкид мекунад, ки онҳо нияти маҷбур кардани пӯшидани либоси ягона барои хонандагонро надоранд, аммо либоси донишҷӯён бояд ба қонун ва фарҳанги Афғонистон мувофиқ бошад.Ёдовар мешавем, ки пас аз суқути Ҳукумати Афғонистон ва омадани “Толибон”* сари қудрат мактабу донишгоҳҳо баста шуданд ва ҳамакнун мактабҳои писарона то синфи 12 ва мактабҳои духтарона то синфи 7 дубора ба кор шурӯъ карданд. То ҳол дар бораи боз шудани донишгоҳҳои Афғонистон хабаре нест.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20210919/tolibon-dukhtarho-makotib-barmegardand-1042357373.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042101638_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_1d93114cce549fcc40b39c1e15a6d14c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, мухолифат, занон, таҳсил, хондан
афғонистон, толибон, мухолифат, занон, таҳсил, хондан
Сарпарасти Вазорати маорифи “Толибон”*: Шариати исломӣ мухолифи омӯзиши занон нест
16:30 04.10.2021 (Навсозишуда: 16:47 04.10.2021) Сарпарасти Вазорати маорифи гурӯҳи “Толибон”* гуфтааст, ки шариати исломӣ бо омузиши занон мухолифат надорад
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Шайх Нуруллоҳи Мунир, сарпарасти Вазорати маорифи “Толибон”* дар суҳбат бо телевизиони "Ал-ҷазира" гуфтааст, ки шариати исломӣ мухолифи таълими занон нест ва ҳукумати онҳо ҳам иродаи мухолифат бо омӯзиши духтаронро надорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба "Amaj News".
Вай афзуд, ки онон мутобиқ ба усули шариати исломӣ дар талошанд, то ба ҳама занон замина ва муҳити муносиби омӯзишро баробар кунанд. Ба гуфтаи ӯ, онон ҳеҷ гоҳ аз қавонини ғарбӣ истифода нахоҳанд кард.
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, Вазорати маориф иродаи тағйири барномаи таълимиро надорад, аммо зарур аст, барномаи таълимӣ, ки хилофи шариати исломӣ ва фарҳанги Афғонистон аст, иваз карда шавад.
Мунир таъкид мекунад, ки онҳо нияти маҷбур кардани пӯшидани либоси ягона барои хонандагонро надоранд, аммо либоси донишҷӯён бояд ба қонун ва фарҳанги Афғонистон мувофиқ бошад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз суқути Ҳукумати Афғонистон ва омадани “Толибон”* сари қудрат мактабу донишгоҳҳо баста шуданд ва ҳамакнун мактабҳои писарона то синфи 12 ва мактабҳои духтарона то синфи 7 дубора ба кор шурӯъ карданд. То ҳол дар бораи боз шудани донишгоҳҳои Афғонистон хабаре нест.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.