https://sputnik.tj/20210919/tolibon-dukhtarho-makotib-barmegardand-1042357373.html
"Толибон"*: духтарҳо ба зудӣ ба макотиб бармегарданд
"Толибон"*: духтарҳо ба зудӣ ба макотиб бармегарданд
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи "Толибон"* изҳор доштааст, ки духтарон ба зудӣ ба макотиб бармегарданд
2021-09-19T11:30+0500
2021-09-19T11:30+0500
2021-09-19T11:30+0500
фарҳанг
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041377171_27:0:1200:660_1920x0_80_0_0_b3600d739546b75109d188c487bb8a68.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Хабаргузории Sputnik Афғонистон бо истинод ба Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯй ва муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати муваққати "Толибон"* гуфтааст, ки духтарон ба зудӣ ба мактаб бармегарданд. Вай гуфт, ки масъулони ҳукумати муваққат дар мавриди тақсим кардани синфҳо ва ҳамчунин таъйини омӯзгорон барои мактабҳои духтарон кор мекунанд. Рӯзи ҷумъа Вазорати маорифи Афғонистон эълон кард, ки мактабҳои миёна ва олии писарон аз рӯзи шанбе оғоз шуданд, аммо дар бораи оғози мактабҳои миёна ва олии духтарон чизе нагуфтанд. Ёдовар мешавем, "Толибон"* қаблан гуфта буданд, ки мехоҳанд синфҳои писарону духтаронро дар донишгоҳҳо ва мактабҳои олӣ ҷудо кунанд.Дар ин баёния, ки рӯзи ҷумъаи 17 сентябр нашр шуд, танҳо аз "устодон ва донишҷӯёни мард" ба мактабҳо даъват карда шудааст.Дар ҳамин ҳол, ЮНИСЕФ мегӯяд, ки аз ифтитоҳи мактабҳои миёнаи писарон пас аз чанд моҳи басташавӣ дар Афғонистон истиқбол мекунад, аммо мегӯяд, духтарон набояд аз раванди таҳсил дар канор монанд.* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210830/tolibon--vaziri-maorif-farmon-tahsili-duhtaron-1041957437.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041377171_278:0:1158:660_1920x0_80_0_0_31491fb464d9105e7d1fd12b1810247c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон* духтарон мактаб
"Толибон"*: духтарҳо ба зудӣ ба макотиб бармегарданд
Сухангӯи "Толибон"* изҳор доштааст, ки духтарон ба зудӣ ба макотиб бармегарданд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Хабаргузории Sputnik Афғонистон бо истинод ба Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯй ва муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати муваққати "Толибон"* гуфтааст, ки духтарон ба зудӣ ба мактаб бармегарданд.
Вай гуфт, ки масъулони ҳукумати муваққат дар мавриди тақсим кардани синфҳо ва ҳамчунин таъйини омӯзгорон барои мактабҳои духтарон кор мекунанд.
Рӯзи ҷумъа Вазорати маорифи Афғонистон эълон кард, ки мактабҳои миёна ва олии писарон аз рӯзи шанбе оғоз шуданд, аммо дар бораи оғози мактабҳои миёна ва олии духтарон чизе нагуфтанд.
Ёдовар мешавем, "Толибон"* қаблан гуфта буданд, ки мехоҳанд синфҳои писарону духтаронро дар донишгоҳҳо ва мактабҳои олӣ ҷудо кунанд.
"Ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёни мард бояд ба мактабҳо ҳозир шаванд", - гуфта мешуд дар изҳороти ин гурӯҳ.
Дар ин баёния, ки рӯзи ҷумъаи 17 сентябр нашр шуд, танҳо аз "устодон ва донишҷӯёни мард" ба мактабҳо даъват карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ЮНИСЕФ мегӯяд, ки аз ифтитоҳи мактабҳои миёнаи писарон пас аз чанд моҳи басташавӣ дар Афғонистон истиқбол мекунад, аммо мегӯяд, духтарон набояд аз раванди таҳсил дар канор монанд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия