https://sputnik.tj/20210916/tojikiston-muboriza-koronavirus-kumak-1042291292.html
Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус беш аз 2 миллион доллар кумак мегирад
Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус беш аз 2 миллион доллар кумак мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ҳамоно алайҳи маризии коронавирус мубориза мебарад ва барои ин кор аз кишварҳое аз қабили Русия, Амрико ва Чин кумак дарёфт мекунад 16.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-16T12:02+0500
2021-09-16T12:02+0500
2021-09-16T13:31+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061454_0:158:1920:1238_1920x0_80_0_0_f069b0de593625e1b7557436205fe04b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Амрико эълон намудааст, ки тавассути Ожонси рушди байналмилалии ИМА барои мубориза бо коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,8 миллион доллар ихтисос медиҳад.Ба гузориши сафорати Амрико дар Тоҷикистон, маблағи мазкур чун кумаки таъҷилӣ барои мубориза бо коронавирус тахсис шудааст.Амрико ягона кишваре нест, ки ба Тоҷикистон дар робита ба мубориза бо коронавирус кумак ирсол намудааст.Саҳми Русия дар ин самт бисёр назаррас аст. Аз замони авҷи ин беморӣ дар Тоҷикистон пизишкон ва мутахассисони варзидаи Русия барои табибон ва намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон конфронсҳои онлайнӣ баргузор мекарданд ва роҳу усули дурусти табобати ин бемориро нишон медоданд.Гузашта аз ин, соли гузашта Русия ҳудуди 1 миллион тест ба 39 кишвари дунё ирсол намуд, ки 70 000 аз он ба Тоҷикистон ирсол шуд.Ҳамчунин Русия чанд мутахассисро ба Тоҷикистон ирсол кард ва онҳо бо пизишкони тоҷик мубодилаи таҷриба намуданд.Дар ин моҳ, Федератсияи Русия ба Тоҷикистон даҳ мошини ёрии таъҷилӣ, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз шудаанд, тақдим намуд.Афзоиши гардиши коло миёни Тоҷикистону РусияҲамчунин дар доираи муборизаи муштарак бар зидди коронавирус Русия ба Тоҷикистон системаҳои ташхиси ройгон ва 50,000 вояи ваксинаи "Sputnik V" ҳадя кард.Аз оғози ҳамагирӣ "Роспотребнадзор" ба ҷумҳурӣ шаш ҳайати коршиносонро фиристод, то дар мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон кумак кунанд.
https://sputnik.tj/20210907/rusiya-tojikiston-hudrav-yorii-tajili-1042100533.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061454_140:0:1847:1280_1920x0_80_0_0_ad608d7d6fcc2c955a7f50000bdfab73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, коронавирус
дар тоҷикистон, тандурустӣ, коронавирус
Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус беш аз 2 миллион доллар кумак мегирад
12:02 16.09.2021 (Навсозишуда: 13:31 16.09.2021) Тоҷикистон ҳамоно алайҳи маризии коронавирус мубориза мебарад ва барои ин кор аз кишварҳое аз қабили Русия, Амрико ва Чин кумак дарёфт мекунад
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Амрико эълон намудааст, ки тавассути Ожонси рушди байналмилалии ИМА барои мубориза бо коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,8 миллион доллар ихтисос медиҳад.
Ба гузориши сафорати Амрико дар Тоҷикистон, маблағи мазкур чун кумаки таъҷилӣ барои мубориза бо коронавирус тахсис шудааст.
"Кӯмак ба Тоҷикистон барои таҳкими системаи тандурустӣ, харидории фаврии маводи пешгирӣ ва назорати вирусҳо, аз ҷумла барномаҳои тавсеаи санҷиши COVID-19, таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ, дастрасӣ ба таҷҳизоти лабораторӣ ва хориҷкунандаи оксиген пешбинӣ шудааст", - омадааст дар хабар.
Амрико ягона кишваре нест, ки ба Тоҷикистон дар робита ба мубориза бо коронавирус кумак ирсол намудааст.
Саҳми Русия дар ин самт бисёр назаррас аст. Аз замони авҷи ин беморӣ дар Тоҷикистон пизишкон ва мутахассисони варзидаи Русия барои табибон ва намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон конфронсҳои онлайнӣ баргузор мекарданд ва роҳу усули дурусти табобати ин бемориро нишон медоданд.
Гузашта аз ин, соли гузашта Русия ҳудуди 1 миллион тест ба 39 кишвари дунё ирсол намуд, ки 70 000 аз он ба Тоҷикистон ирсол шуд.
Ҳамчунин Русия чанд мутахассисро ба Тоҷикистон ирсол кард ва онҳо бо пизишкони тоҷик мубодилаи таҷриба намуданд.
Дар ин моҳ, Федератсияи Русия ба Тоҷикистон даҳ мошини ёрии таъҷилӣ, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз шудаанд, тақдим намуд.
Ҳамчунин дар доираи муборизаи муштарак бар зидди коронавирус Русия ба Тоҷикистон системаҳои ташхиси ройгон ва 50,000 вояи ваксинаи "Sputnik V" ҳадя кард.
Аз оғози ҳамагирӣ "Роспотребнадзор" ба ҷумҳурӣ шаш ҳайати коршиносонро фиристод, то дар мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон кумак кунанд.