https://sputnik.tj/20211004/rusiya--tahrim-tolibon-shitob-1042631930.html
Русия: Дар лағви таҳримҳо алайҳи "Толибон"* шитоб накардан беҳтар аст
Русия: Дар лағви таҳримҳо алайҳи "Толибон"* шитоб накардан беҳтар аст
Sputnik Тоҷикистон
Фиристодаи вижаи Русия дар Афғонистон мегӯяд, барои лағви таҳримҳо алайҳи "Толибон" шитоб надоранд.
2021-10-04T13:02+0500
2021-10-04T13:02+0500
2021-10-04T13:40+0500
афғонистон
таҳримот
замир кобулов
гурӯҳи террористии "толибон"
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040605542_0:0:2685:1510_1920x0_80_0_0_48dd429cc7b7a61bdd3ced35bc8a32ed.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Русия қасд надорад, дар Шӯрои Амнияти СММ масъалаи лағви таҳримҳо алайҳи "Толибон"*-ро ба миён гузорад. Дар ин бора намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия дар умури Афғонистон, мудири Департаменти дувуми осиёии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Замир Кобулов дар суҳбат бо "РИА Новости" иттилоъ додааст.Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон таъкид мекунад, ки Русия минбаъд низ дар мавқеи худ барои таъсиси ҳукумати фарогир хоҳад буд ва бар муқовимат бо таҳдидҳо аз Афғонистон, бахусус таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддир иқдом хоҳад дод.Ёдовар мешавем, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш баъд аз 20 соли ҳузури бенатиҷа дар Афғонистон нерӯҳояшонро аз ин кишвар хориҷ карданд ва "Толибон"* ба қудрат расид.Ин гурӯҳи террористӣ рӯзи 15 август ҳукумати Афғонистонро ғасб ва дар оғози моҳи сентябр ҳукуматашро эълон кард. Аммо то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст ва аз он тақозои иҷрои ваъдаҳову эълони кобинаи ҳамашумулро доранд.*- созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20211002/didor-diplomat-uzbek-muttaqi-1042617287.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040605542_0:0:2685:2014_1920x0_80_0_0_6be95f08694e3c7675e2b10d27f9d510.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия бекор таҳрим "толибон"* афғонистон
русия бекор таҳрим "толибон"* афғонистон
Русия: Дар лағви таҳримҳо алайҳи "Толибон"* шитоб накардан беҳтар аст
13:02 04.10.2021 (Навсозишуда: 13:40 04.10.2021) Фиристодаи вижаи Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, барои лағви таҳримҳо алайҳи "Толибон"* шитоб надоранд.
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Русия қасд надорад, дар Шӯрои Амнияти СММ масъалаи лағви таҳримҳо алайҳи "Толибон"*-ро ба миён гузорад. Дар ин бора намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия дар умури Афғонистон, мудири Департаменти дувуми осиёии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Замир Кобулов дар суҳбат бо "РИА Новости" иттилоъ додааст.
"Дар оянда бознигарии таҳримот алайҳи "Толибон"*-ро истисно намекунем, аммо дар ин марҳила шитоб накардан ба мақсад мувофиқтар аст",-афзуд ӯ.
Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон таъкид мекунад, ки Русия минбаъд низ дар мавқеи худ барои таъсиси ҳукумати фарогир хоҳад буд ва бар муқовимат бо таҳдидҳо аз Афғонистон, бахусус таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддир иқдом хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш баъд аз 20 соли ҳузури бенатиҷа дар Афғонистон нерӯҳояшонро аз ин кишвар хориҷ карданд ва "Толибон"* ба қудрат расид.
Ин гурӯҳи террористӣ рӯзи 15 август ҳукумати Афғонистонро ғасб ва дар оғози моҳи сентябр ҳукуматашро эълон кард. Аммо то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст ва аз он тақозои иҷрои ваъдаҳову эълони кобинаи ҳамашумулро доранд.
*- созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.