https://sputnik.tj/20211004/prezident-vose-iftitoh-majmaai-sayyohi-kudakiston-korgoh-adrasbofi-1042633199.html
Президент дар Восеъ: Аз ифтитоҳи маҷмааи сайёҳӣ то кӯдакистону коргоҳи адрасбофӣ
Президент дар Восеъ: Аз ифтитоҳи маҷмааи сайёҳӣ то кӯдакистону коргоҳи адрасбофӣ
Sputnik Тоҷикистон
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ идома дошта, роҳбари давлат аллакай чандин биноро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод 04.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-04T14:27+0500
2021-10-04T14:27+0500
2021-10-04T14:46+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
эмомалӣ раҳмон
восеъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042630452_0:106:2047:1257_1920x0_80_0_0_91c78f8100735f88cb54e747108d331a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Восеъ маҷмаааи бузурги хидматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаи "Сайёҳон" ба истифода дода шуд.Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин маҷмааро соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров сохтааст, ки дорои имконоти васеи сайру сайёҳат мебошад.Ҳамчунин меҳмонхонаи "Сайёҳон", ки дар ин маҷмаа сохта шудааст, замонавӣ буда, аз 4 ошёна иборат аст.Дар меҳмонхона имкони дар як вақт хидмат расондан ба 150 нафар меҳмон фароҳам шудааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхона 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.Зимнан дар деҳаи мазкур аз ҷониби роҳбари давлат муассисаи томактабии "Оиша" ба истифода дода шуд. Ин муассисаро соҳибкор Махтумбӣ Абдулҳаева сохтааст, ки имкони ба таълим фаро гирифтани 210 кӯдакро дорад.Манбаъ меафзояд, дар муассисаи мазкур 20 кӯдаки ятим ва аз оилаҳои ниёзманд ройгон таълим мегиранд. Кӯдаконро 12 мураббӣ таълим медиҳанд.Пас аз ба истифода додани кӯдакистон роҳбари давлат ба таълимгирандагони ин муассиса туҳфа тақдим намуд.Бинои дигаре, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур мавриди истифода қарор дода шуд, ин коргоҳи адрасбофӣ мебошад. Корхонаи мазкурро соҳибкор Дилшод Асроров сохтааст. Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар он барои истеҳсоли адрас таҷҳизоти муосир насб гардидаанд ва ҳамакнун 150 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
https://sputnik.tj/20211004/prezident-vorid-nohiya-vose-1042629365.html
восеъ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042630452_115:0:1932:1363_1920x0_80_0_0_c32a05ab16285e174c640809c32b3e8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, эмомалӣ раҳмон, восеъ
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, эмомалӣ раҳмон, восеъ
Президент дар Восеъ: Аз ифтитоҳи маҷмааи сайёҳӣ то кӯдакистону коргоҳи адрасбофӣ
14:27 04.10.2021 (Навсозишуда: 14:46 04.10.2021) Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ идома дошта, роҳбари давлат аллакай чандин биноро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Восеъ маҷмаааи бузурги хидматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаи "Сайёҳон" ба истифода дода шуд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин маҷмааро соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров сохтааст, ки дорои имконоти васеи сайру сайёҳат мебошад.
Ҳамчунин меҳмонхонаи "Сайёҳон", ки дар ин маҷмаа сохта шудааст, замонавӣ буда, аз 4 ошёна иборат аст.
"Намои берунаи иншоот бо санъати кандакорӣ ва наққошӣ оро дода шуда, дорои тарҳи ҷолиб аст. Сатҳи хидматрасонӣ дар меҳмонхона ба стандарти байналмилалӣ мутобиқат мекунад. Дар деворҳои дохили бино рӯзгору зиндагонии тоҷикон дар давраҳои гуногун тасвир ëфтааст",-менависад дафтари матбуотии роҳбари давлат.
Дар меҳмонхона имкони дар як вақт хидмат расондан ба 150 нафар меҳмон фароҳам шудааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхона 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Зимнан дар деҳаи мазкур аз ҷониби роҳбари давлат муассисаи томактабии "Оиша" ба истифода дода шуд. Ин муассисаро соҳибкор Махтумбӣ Абдулҳаева сохтааст, ки имкони ба таълим фаро гирифтани 210 кӯдакро дорад.
Манбаъ меафзояд, дар муассисаи мазкур 20 кӯдаки ятим ва аз оилаҳои ниёзманд ройгон таълим мегиранд. Кӯдаконро 12 мураббӣ таълим медиҳанд.
Пас аз ба истифода додани кӯдакистон роҳбари давлат ба таълимгирандагони ин муассиса туҳфа тақдим намуд.
Бинои дигаре, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур мавриди истифода қарор дода шуд, ин коргоҳи адрасбофӣ мебошад. Корхонаи мазкурро соҳибкор Дилшод Асроров сохтааст. Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар он барои истеҳсоли адрас таҷҳизоти муосир насб гардидаанд ва ҳамакнун 150 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.