https://sputnik.tj/20211004/prezident-vorid-nohiya-vose-1042629365.html
Президент вориди ноҳияи Восеъ шуд
Президент вориди ноҳияи Восеъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва шаҳру навоҳии мамлакат идома дошта, рӯзи 4 октябр ӯ вориди ноҳияи Восеъ шуд 04.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-04T11:28+0500
2021-10-04T11:28+0500
2021-10-04T13:03+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
восеъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042596354_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_3388304aabd9d866dfd3c7930f69b350.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ рафт.Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур чандин биноро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони маҳаллӣ мулоқоту дидорбинӣ хоҳад кард.Манбаъ меафзояд, нахуст сарвари давлат дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳия боғи марказиро ба истифода дод.Гуфта мешавад, дар тарафи чапи боғ амфитеатр бунëд карда шуда, дорои 1000 ҷои нишаст мебошад ва барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои оммавӣ мусоид аст.Зимнан роҳбари давлат дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи мазкур майдони парчами давлатӣ ва гулгаштеро рӯнамоӣ кард.Масоҳати умумии майдони парчами давлатӣ ва гулгашт 40 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, дар шафати роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг воқеъ мебошад.Баландии пояи парчами давлатӣ 40 метр, дарозии матои он 14 метр ва паҳноияш 7 метрро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20211003/rahmon-khovaling-iftitoh-maktab-choykhona-asal-1042622268.html
восеъ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042596354_214:0:2031:1363_1920x0_80_0_0_5b2b88e953284e577be29452595b2f04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, восеъ
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, восеъ
Президент вориди ноҳияи Восеъ шуд
11:28 04.10.2021 (Навсозишуда: 13:03 04.10.2021) Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва шаҳру навоҳии мамлакат идома дошта, рӯзи 4 октябр ӯ вориди ноҳияи Восеъ шуд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ рафт.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур чандин биноро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони маҳаллӣ мулоқоту дидорбинӣ хоҳад кард.
Манбаъ меафзояд, нахуст сарвари давлат дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳия боғи марказиро ба истифода дод.
"Масоҳати умумии ин боғ 3,5 гектарро ташкил медиҳад ва дар он шароити хуби истироҳат фароҳам шудааст. Иншоотро сохтмончиëни ватанӣ бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон навсозӣ намудаанд",-таъкид гардидааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар тарафи чапи боғ амфитеатр бунëд карда шуда, дорои 1000 ҷои нишаст мебошад ва барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои оммавӣ мусоид аст.
Зимнан роҳбари давлат дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи мазкур майдони парчами давлатӣ ва гулгаштеро рӯнамоӣ кард.
Масоҳати умумии майдони парчами давлатӣ ва гулгашт 40 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, дар шафати роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг воқеъ мебошад.
Баландии пояи парчами давлатӣ 40 метр, дарозии матои он 14 метр ва паҳноияш 7 метрро ташкил медиҳад.