https://sputnik.tj/20211004/bujai-tojikiston-bolo-raft-pul-1042628133.html
Буҷаи давлатии Тоҷикистон якбора афзуд: пул аз куҷо пайдо шуд?
Буҷаи давлатии Тоҷикистон якбора афзуд: пул аз куҷо пайдо шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2021, ҷумҳурӣ тавонистааст, ки бештар аз нақшаи тарҳрезикардаи ҳукумат маблағ ҷамъ кунад
2021-10-04T10:38+0500
2021-10-04T10:38+0500
2021-10-04T12:26+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
вазорати молия
маблағи буҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_83:69:1400:810_1920x0_80_0_0_9c6ca3f288eda8e6c96be77ed1c147e9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба буҷаи давлатии Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2021 аз маблағи қаблан муқарраргардида 930 миллион сомонӣ (82 миллион доллар) зиёд ворид шудааст. Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар дод. Дар аввал мақомот нақшаи вуруди 17 миллиарду 252 миллион сомонӣ ба буҷаро доштанд, аммо пас аз муҳосиба маълум шудааст, ки аз моҳи январ то август 18 миллиарду 182 миллион сомонӣ (1,6 миллиард доллар) ба буҷаи Тоҷикистон ворид шудааст.Дар ҳоле ки андоз яке аз манобеи муҳими буҷа гуфта мешавад, мақомот эълон карданд, ки буҷаи кишвар аз ҳисоби ҷамъоварии андоз афзуда ва андоз аз арзиши изофа, аз даромад, аксизро дар феҳрасти молиёте қарор додаанд, ки саҳми назаррасе дар таъмини буҷаи кишвар доранд.Танҳо тавассути пардохтҳои аҳолӣ дар соли 2021 72 фоизи маблағҳои ҷумҳурӣ пурра шуд, иттилоъ додааст вазорат. Илова бар ин Вазорати молияи Тоҷикистон афзоиши буҷаи давлатиро ба рушди иқтисод ва афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ рабт додааст. Манбаъҳои нави андозбандӣ ва афзоиши ҷамъоварии андозҳои асосӣ нақши муҳим бозиданд, гуфтааст ин манбаъ.Имсол қисми даромади буҷаи давлатӣ 27,6 миллиард сомонӣ (2,4 миллиард доллар) муқаррар шудааст. Ин назар ба соли 2020 1,6 миллиард сомонӣ (141 миллион доллар) бештар аст. Ёдовар мешавем, ки солҳои ахир мақомоти кишвар наметавонистанд ҳаҷми қаблан пешбинишудаи буҷаи давлатро таъмин кунанд ва бинобар ин камбуди буҷаро шарикони рушд бартараф мекарданд.
https://sputnik.tj/20210921/bj-kohish-kasr-buja-tojikiston-peshgui-1042396446.html
https://sputnik.tj/20210723/apple-tojikiston-daromad-hizmatrasoni-elektron-andoz-1041120184.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_156:0:1400:933_1920x0_80_0_0_b8792589b7ad049114092b51de96ae3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҷа тоҷикистон боло пул иқтисод
буҷа тоҷикистон боло пул иқтисод
Буҷаи давлатии Тоҷикистон якбора афзуд: пул аз куҷо пайдо шуд?
10:38 04.10.2021 (Навсозишуда: 12:26 04.10.2021) Дар соли 2021 бештар аз барнома ба буҷаи кишвар пул ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба буҷаи давлатии Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2021 аз маблағи қаблан муқарраргардида 930 миллион сомонӣ (82 миллион доллар) зиёд ворид шудааст. Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар дод.
Дар аввал мақомот нақшаи вуруди 17 миллиарду 252 миллион сомонӣ ба буҷаро доштанд, аммо пас аз муҳосиба маълум шудааст, ки аз моҳи январ то август 18 миллиарду 182 миллион сомонӣ (1,6 миллиард доллар) ба буҷаи Тоҷикистон ворид шудааст.
Дар ҳоле ки андоз яке аз манобеи муҳими буҷа гуфта мешавад, мақомот эълон карданд, ки буҷаи кишвар аз ҳисоби ҷамъоварии андоз афзуда ва андоз аз арзиши изофа, аз даромад, аксизро дар феҳрасти молиёте қарор додаанд, ки саҳми назаррасе дар таъмини буҷаи кишвар доранд.
Танҳо тавассути пардохтҳои аҳолӣ дар соли 2021 72 фоизи маблағҳои ҷумҳурӣ пурра шуд, иттилоъ додааст вазорат.
Илова бар ин Вазорати молияи Тоҷикистон афзоиши буҷаи давлатиро ба рушди иқтисод ва афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ рабт додааст. Манбаъҳои нави андозбандӣ ва афзоиши ҷамъоварии андозҳои асосӣ нақши муҳим бозиданд, гуфтааст ин манбаъ.
Имсол қисми даромади буҷаи давлатӣ 27,6 миллиард сомонӣ (2,4 миллиард доллар) муқаррар шудааст. Ин назар ба соли 2020 1,6 миллиард сомонӣ (141 миллион доллар) бештар аст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои ахир мақомоти кишвар наметавонистанд ҳаҷми қаблан пешбинишудаи буҷаи давлатро таъмин кунанд ва бинобар ин камбуди буҷаро шарикони рушд бартараф мекарданд.