https://sputnik.tj/20210723/apple-tojikiston-daromad-hizmatrasoni-elektron-andoz-1041120184.html
Apple нахустин шуда дар Тоҷикистон аз ҳисоби даромади хизматрасонии электронӣ андоз дод
Apple нахустин шуда дар Тоҷикистон аз ҳисоби даромади хизматрасонии электронӣ андоз дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон нахустин ширкати хориҷӣ аз даромад аз ҳисоби хизматрасонии электронӣ андоз пардохт кардааст
2021-07-23T13:33+0500
2021-07-23T13:33+0500
2021-07-23T13:37+0500
иқтисод
кумитаи андоз
хизматрасонӣ
андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101967/08/1019670846_0:99:3289:1949_1920x0_80_0_0_d51b88a97c2532aa025b1def7b7d1a1e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн - Sputnik. Ширкати Apple Distribution International Limited нахустин шуда дар Тоҷикистон аз ҳисоби хизматрасониҳои электронии анҷомдодаи худ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ эъломияи андоз пешниҳод намуда, маблағи онро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, хабар додааст Кумитаи андози кишвар.Ба иттилои манбаъ, ширкат барои семоҳаҳои якум ва дуюми соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин давраҳо ба маблағи зиёда аз 238.0 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлати Тоҷикистон пардохт намуд.Бар асоси тағйироти ахир дар қонунгузории андози кишвар аз оғози соли ҷорӣ ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷет пардохт намоянд.Кумитаи андоз мегӯяд то кунун дар ин ниҳод расман 18 адад ширкатҳое, ки ба хизматрасонии электронӣ машғуланд ба қайд гирифтааст.Ширкати Apple Distribution International Limited нахустин ширкатест, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои электронии анҷомдодаи худ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ эъломияи андоз пешниҳод намуда, маблағи онро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст.Тасмими андозбандӣ кардани ширкатщои хориҷӣ аз сӯи раҳбарияти Кумитаи андоз дар Тоҷикистон ҳануз аз соли 2015 идома дорад.Раиси Кумитаи андоз он замон пешниҳод карда буд, ки дар Тоҷикистон низ аз ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электорониро пешниҳод мекунанд, андоз ситонида шавад.Ба гуфтаи раиси кумита Нусратулло Давлатзода, ҷамъ кардани андоз аз ширкатҳои Google, Facebook, Apple ва Microsoft имконият медиҳад, ки будҷаи Тоҷикистон як манбаи дигари даромад пайдо кунад."Вақти он расидааст, ки тамоми корҳоеро, ки ба воситаи интернет анҷом дода мешаванд, ба танзим дарорем. Бояд ба қонуни андози кишвар тағйирот ворид шавад, ки мувофиқи он ширкатҳои хориҷие, ки ба шахсони инфиродӣ хизматрасонии электорниро пешниҳод мекунанд, андоз супоранд",- омадааст дар мактубе, ки Нусратулло Давлатзода ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ирсол карда буд.Ӯ Русияро далел овард, ки пас аз ҷорӣ шудани андоз аз арзиши иловашуда ба хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft ва Facebook ва ғайра дар 9 моҳи соли 2019 ҳудуди 60 миллиард рубл ба буҷаи ин кишвар ворид шудааст.
https://sputnik.tj/20210426/kumitai-andoz-google-dastgirii-shirkatho-vatani-1039040082.html
https://sputnik.tj/20210607/jamovarii-andoz-imzoi-sozishnoma-bonki-jahoni-tojikiston-1040067760.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101967/08/1019670846_279:0:3010:2048_1920x0_80_0_0_39eefb4305aaa3dd5d73724d903fcc9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
apple, тоҷикистон, даромад, хизматрасонии электронӣ, андоз
apple, тоҷикистон, даромад, хизматрасонии электронӣ, андоз
Apple нахустин шуда дар Тоҷикистон аз ҳисоби даромади хизматрасонии электронӣ андоз дод
13:33 23.07.2021 (Навсозишуда: 13:37 23.07.2021) Дар Тоҷикистон нахустин ширкати хориҷӣ аз даромад аз ҳисоби хизматрасонии электронӣ андоз пардохт кардааст
ДУШАНБЕ, 23 июн - Sputnik. Ширкати Apple Distribution International Limited нахустин шуда дар Тоҷикистон аз ҳисоби хизматрасониҳои электронии анҷомдодаи худ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ эъломияи андоз пешниҳод намуда, маблағи онро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, хабар додааст Кумитаи андози кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ширкат барои семоҳаҳои якум ва дуюми соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин давраҳо ба маблағи зиёда аз 238.0 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлати Тоҷикистон пардохт намуд.
Бар асоси тағйироти ахир дар қонунгузории андози кишвар аз оғози соли ҷорӣ ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷет пардохт намоянд.
Кумитаи андоз мегӯяд то кунун дар ин ниҳод расман 18 адад ширкатҳое, ки ба хизматрасонии электронӣ машғуланд ба қайд гирифтааст.
Ширкати Apple Distribution International Limited нахустин ширкатест, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои электронии анҷомдодаи худ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ эъломияи андоз пешниҳод намуда, маблағи онро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст.
Тасмими андозбандӣ кардани ширкатщои хориҷӣ аз сӯи раҳбарияти Кумитаи андоз дар Тоҷикистон ҳануз аз соли 2015 идома дорад.
Раиси Кумитаи андоз он замон пешниҳод карда буд, ки дар Тоҷикистон низ аз ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электорониро пешниҳод мекунанд, андоз ситонида шавад.
Ба гуфтаи раиси кумита Нусратулло Давлатзода, ҷамъ кардани андоз аз ширкатҳои Google, Facebook, Apple ва Microsoft имконият медиҳад, ки будҷаи Тоҷикистон як манбаи дигари даромад пайдо кунад.
"Вақти он расидааст, ки тамоми корҳоеро, ки ба воситаи интернет анҷом дода мешаванд, ба танзим дарорем. Бояд ба қонуни андози кишвар тағйирот ворид шавад, ки мувофиқи он ширкатҳои хориҷие, ки ба шахсони инфиродӣ хизматрасонии электорниро пешниҳод мекунанд, андоз супоранд",- омадааст дар мактубе, ки Нусратулло Давлатзода ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ирсол карда буд.
Ӯ Русияро далел овард, ки пас аз ҷорӣ шудани андоз аз арзиши иловашуда ба хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft ва Facebook ва ғайра дар 9 моҳи соли 2019 ҳудуди 60 миллиард рубл ба буҷаи ин кишвар ворид шудааст.