https://sputnik.tj/20211002/zangi-imron-khon-emomali-rahmon-afghoniston-1042617971.html
Занги Имрон Хон: Раҳмон гуфт, Тоҷикистон омодаи ҳамкории созанда бо ҳамаи тарафҳост
Занги Имрон Хон: Раҳмон гуфт, Тоҷикистон омодаи ҳамкории созанда бо ҳамаи тарафҳост
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Имрон Хон, сарвазири Покистон вазъи Афғонистон ва дурнамои онро баррасӣ кардааст
2021-10-02T19:42+0500
2021-10-02T19:42+0500
2021-10-02T19:43+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
корҳои созандагӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042344644_0:90:1743:1070_1920x0_80_0_0_c361a440058264f94dea7b4e8c06c130.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон рӯзи 2 октябр бо ташаббуси ҷониби Покистон сурат гирифт, хабар додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ин суҳбати телефонӣ идомаи муколамае, ки дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд, Аз ҷумла ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаро баррасӣ намуданд ва аваҷҷуҳи махсусро ба вазъ дар Афғонистон додаанд. Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки вазъи Афғонистон ҳамоно дар маркази диққати ҷониби Тоҷикистон қарор дорад, зеро ҳамаи он рӯйдодҳое, ки дар ин кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ мепайванданд, ба ҳолати амниятӣ дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд.Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки роҳандозии муколамаи васеи нерӯҳои мухталифи ин кишвар яке аз омилҳои муҳими барқарории сулҳу субот дар он арзёбӣ мегардад. Раҳмон ва Имрон Хон мувофиқа кардаанд, ки тамосу машваратҳои ду кишвар оид ба қазияи Афғонистон дар ҳамаи сатҳҳо идома дода шаванд.Ҷониби Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки ҷонибдори ташкили як давлати ҳамашумул дар Афғонистон бо риояи ҳуқуқи ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ дар Афғонистон мебошад.
https://sputnik.tj/20210919/khon-suhbat-rahmon-muzokira-tolibon-1042355339.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042344644_97:0:1644:1160_1920x0_80_0_0_b39cc8ab5561f5ea81009d3295d177ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, имрон хон, афғонистон, покистон
эмомалӣ раҳмон, имрон хон, афғонистон, покистон
Занги Имрон Хон: Раҳмон гуфт, Тоҷикистон омодаи ҳамкории созанда бо ҳамаи тарафҳост
19:42 02.10.2021 (Навсозишуда: 19:43 02.10.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Имрон Хон, сарвазири Покистон вазъи Афғонистон ва дурнамои онро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон рӯзи 2 октябр бо ташаббуси ҷониби Покистон сурат гирифт, хабар додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин суҳбати телефонӣ идомаи муколамае, ки дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд, Аз ҷумла ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаро баррасӣ намуданд ва аваҷҷуҳи махсусро ба вазъ дар Афғонистон додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки вазъи Афғонистон ҳамоно дар маркази диққати ҷониби Тоҷикистон қарор дорад, зеро ҳамаи он рӯйдодҳое, ки дар ин кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ мепайванданд, ба ҳолати амниятӣ дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки роҳандозии муколамаи васеи нерӯҳои мухталифи ин кишвар яке аз омилҳои муҳими барқарории сулҳу субот дар он арзёбӣ мегардад.
"Бори дигар омодагии ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ба мақсади мусоидат ба ин раванд дар доираи имкониятҳои мавҷуда иброз гардид", - илова намуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Раҳмон ва Имрон Хон мувофиқа кардаанд, ки тамосу машваратҳои ду кишвар оид ба қазияи Афғонистон дар ҳамаи сатҳҳо идома дода шаванд.
Ҷониби Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки ҷонибдори ташкили як давлати ҳамашумул дар Афғонистон бо риояи ҳуқуқи ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ дар Афғонистон мебошад.