https://sputnik.tj/20210919/khon-suhbat-rahmon-muzokira-tolibon-1042355339.html
Имрон Хон гуфт, пас аз суҳбат бо Раҳмон музокира бо Толибонро* оғоз кард
Имрон Хон гуфт, пас аз суҳбат бо Раҳмон музокира бо Толибонро* оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Покистон аз оғози музокирот бо Толибон дар бораи ҳукумати фарогир хабар дод.
2021-09-19T00:59+0500
2021-09-19T00:59+0500
2021-09-19T01:17+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
афғонистон
покистон
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/13/1042355523_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_39c36eb036335e02953fdaf712fd69de.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Имрон Хон, сарвазири Покистон гуфтааст, баъди суҳбати тӯлонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ва бозгашташ аз Душанбе гуфтугӯҳоро бо Толибон* барои ташкили як давлати ҳамашумул оғоз кардааст. Ӯ дар ин бора дар сафҳаи Твитераш хабар додааст."Пас аз чил соли ҷанг, танҳо як ҳукумати фарогир кафолати сулҳи пойдор дар Афғонистон буда метавонад. Ин на танҳо ба манфиати афғонҳо, балки ба кишварҳои минтақа аст", - таъкид кардааст ӯ.Оқои Хон гуфта, ки пас аз мулоқот бо раҳбарони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба хусус Имом Алӣ Раҳмон, музокирот бо Толибонро оғоз кардааст.Ёдовар мешавем, сафари расмии Имрон Хон ба Тоҷикистон дар пайи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) - Русия, Ҳинд, Чин, Покистон, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон, Тоҷикистон, ҳамчунин кишвари нозир – Эрон баргузор шуд.Пас аз мулоқоти дуҷониба бо Имрон Хон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистону Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни “Толибон”*-у тоҷикон ба тавофуқ расиданд.Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчи зудтар барқарор гардад ва манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта шаванд.Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон танҳо кишварест, ки аз ҳамон оғоз ба хотири мазҳабии қурунивустоӣ ва такқавмӣ буданаш бо ҳукумати “Толибон”* ошкоро мухолифат кард ва аз муроот нашудани ҳаққи ақвоми ғайрипаштун, қабл аз ҳама тоҷикон, ки 46% дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил мекунанд, бонги изтироб зад.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли таъмин нашудани ширкати тамоми ақвом дар умури давлатдории Афғонистон ин кишвар ба як бесуботӣ ва ҷанги дохилии дигар рӯбарӯ хоҳад шуд. Покистон - пуштибони аслии “Толибон”* низ бар ин назар аст, ки фақат як ҳукумати фарогир дар Афғонистон метавонад муҷиби сулҳи пойдор дар Афғонистон шавад.
https://sputnik.tj/20210917/dushanbe-guftushunid-tolibon-tojikon-1042344671.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/13/1042355523_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_adf02010cde6a9485c580401d1651727.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имрон хон суҳбат раҳмон музокира толибонро*
имрон хон суҳбат раҳмон музокира толибонро*
Имрон Хон гуфт, пас аз суҳбат бо Раҳмон музокира бо Толибонро* оғоз кард
00:59 19.09.2021 (Навсозишуда: 01:17 19.09.2021) Нахуствазири Покистон аз оғози музокирот бо Толибон дар бораи ҳукумати фарогир хабар дод.
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Имрон Хон, сарвазири Покистон гуфтааст, баъди суҳбати тӯлонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ва бозгашташ аз Душанбе гуфтугӯҳоро бо Толибон* барои ташкили як давлати ҳамашумул оғоз кардааст. Ӯ дар ин бора дар сафҳаи Твитераш хабар додааст.
"Пас аз музокирот дар Душанбе бо раҳбарони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва аз ҷумла суҳбати тӯлонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ман бо Толибон* дар бораи ҳукумати фарогир дар Афғонистон, аз ҷумла бо ҳузури тоҷикон, ҳазараҳо ва ӯзбекҳо, музокира оғоз кардам", - навиштааст, Имрон Хон.
"Пас аз чил соли ҷанг, танҳо як ҳукумати фарогир кафолати сулҳи пойдор дар Афғонистон буда метавонад. Ин на танҳо ба манфиати афғонҳо, балки ба кишварҳои минтақа аст", - таъкид кардааст ӯ.
Оқои Хон гуфта, ки пас аз мулоқот бо раҳбарони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба хусус Имом Алӣ Раҳмон, музокирот бо Толибонро оғоз кардааст.
Ёдовар мешавем, сафари расмии Имрон Хон ба Тоҷикистон дар пайи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) - Русия, Ҳинд, Чин, Покистон, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон, Тоҷикистон, ҳамчунин кишвари нозир – Эрон баргузор шуд.
Пас аз мулоқоти дуҷониба бо Имрон Хон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистону Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни “Толибон”*-у тоҷикон ба тавофуқ расиданд.
“Мо ба тавофуқ расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон тоҷикон мусоидат хоҳем намуд”, - гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчи зудтар барқарор гардад ва манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта шаванд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон танҳо кишварест, ки аз ҳамон оғоз ба хотири мазҳабии қурунивустоӣ ва такқавмӣ буданаш бо ҳукумати “Толибон”* ошкоро мухолифат кард ва аз муроот нашудани ҳаққи ақвоми ғайрипаштун, қабл аз ҳама тоҷикон, ки 46% дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил мекунанд, бонги изтироб зад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли таъмин нашудани ширкати тамоми ақвом дар умури давлатдории Афғонистон ин кишвар ба як бесуботӣ ва ҷанги дохилии дигар рӯбарӯ хоҳад шуд. Покистон - пуштибони аслии “Толибон”* низ бар ин назар аст, ки фақат як ҳукумати фарогир дар Афғонистон метавонад муҷиби сулҳи пойдор дар Афғонистон шавад.