https://sputnik.tj/20211002/ruzi-omuzgor-dushanbe-taqdimi-mukofotpuli-muallim-1042616733.html
Рӯзи омӯзгор дар Душанбе: Тақдими 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба 79 муаллим
Рӯзи омӯзгор дар Душанбе: Тақдими 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба 79 муаллим
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе бархе устодонро, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ қадрдонӣ кардаанд
2021-10-02T17:50+0500
2021-10-02T17:50+0500
2021-10-02T17:50+0500
дар тоҷикистон
душанбе
маориф
муаллимон
таълим
мукофот
омӯзгор
устод
тарбия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/02/1042616465_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_d5d549a797b3255e9ff3f4cd39733865.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Маросими таҷлили Рӯзи омӯзгор дар шаҳри Душанбе бо ҳузури мақомдорони давлатӣ, кормандону собиқадорони соҳаи маорифи пойтахт баргузор шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илму дониш ва арҷгузориву эҳтироми устоду омӯзгор аз куҳан мавқеи хоса дорад. Манбаъ афзуд, бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ба 79 омӯзгоре, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ супорида шуд. "Илова бар ин, як гурӯҳ пешсафони соҳа бо Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе, нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки шаҳрдории Душанбе дар баробари эътибор ба баланд бардоштани мақоми омӯзгорон, инчунин аз онҳо масъулияти баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро тақозо менамояд.Бар асоси омори расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 11 ҳазору 80 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 268 ҳазору 55 нафар хонанда машғул мебошанд.
https://sputnik.tj/20210918/bozkushoi-makotib-afghoniston-unisef-vokunish-1042353562.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/02/1042616465_56:0:944:666_1920x0_80_0_0_18b68e1c2b20c0a9bd68c18bef825eeb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тақдим, муаллим, омӯзгор, шогирдон, қадрдонӣ
тақдим, муаллим, омӯзгор, шогирдон, қадрдонӣ
Рӯзи омӯзгор дар Душанбе: Тақдими 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба 79 муаллим
Шаҳрдории Душанбе бархе устодонро, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Маросими таҷлили Рӯзи омӯзгор дар шаҳри Душанбе бо ҳузури мақомдорони давлатӣ, кормандону собиқадорони соҳаи маорифи пойтахт баргузор шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илму дониш ва арҷгузориву эҳтироми устоду омӯзгор аз куҳан мавқеи хоса дорад.
Манбаъ афзуд, бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ба 79 омӯзгоре, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ супорида шуд.
"Илова бар ин, як гурӯҳ пешсафони соҳа бо Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе, нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки шаҳрдории Душанбе дар баробари эътибор ба баланд бардоштани мақоми омӯзгорон, инчунин аз онҳо масъулияти баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро тақозо менамояд.
Бар асоси омори расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 11 ҳазору 80 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 268 ҳазору 55 нафар хонанда машғул мебошанд.