Парвандаи Бобиев ба Кумитаи тафтишотӣ ирсол шуд: таҳдиди зиндон ба блогери тоҷик

Руслан Бобиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Обуна шудан
Музаффар Бобиев, блогери ҷавони зодаи Тоҷикистон, ки бо номи Руслан маъруф аст, метавонад дар Русия зиндонӣ шавад
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Блогери тоҷик барои аксҳои баҳсбарангезаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад, равонаи зиндон шавад, хабар додааст ТАСС.
Ба иттилои манбаъ, парвандаи Бобиев ба идораи Кумитаи тафтишотӣ дар ноҳияи Твери шаҳри Маскав ирсол карда шудаанд.
Таъкид шудааст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин ҳодиса, бар асоси моддаи 148-и Кодекси ҷиноии Русия боз шудааст, ки ҷавобгарӣ барои беэҳтиромии оммавӣ нисбати ҷамъият ва таҳқири эҳсоси диниро пешбинӣ кардааст. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия то як соли зиндонро ба сифати ҷазо муқаррар кардааст.
Абдулло Давлатов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Давлатов мегӯяд, блогер на танҳо русу масеҳӣ балки тоҷику мусалмонро низ таҳқир кард
Бобиев дар аксҳое, ки бо Анастасия Чистова дар либоси корманди пулис дар пеши ибодатгоҳи масеҳиён дар маркази Маскав гирифтааст, вонамуди алоқаи шаҳвонӣ карда, дар шабакаҳо шӯр барангехт. Баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо, бо ҳабси маъмурӣ ва қарори ихроҷи блогер анҷомиданд.
Худи Бобиев дар як наворе зимни бозпурсияш узрхоҳӣ карда, изҳор доштааст, ки дигар чунин корҳо нахоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0