Давлатов мегӯяд, блогер на танҳо русу масеҳӣ балки тоҷику мусалмонро низ таҳқир кард

© Sputnik / Стас ЭтвешАбдулло Давлатов
Абдулло Давлатов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Обуна шудан
Абдулло Давлатов, собиқ раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия мегӯяд, блогер Музаффар Бобиев, машҳур бо номи Русланро дар Ватан низ мавҷи вокунишҳои тунд интизор аст
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Давлатов мегӯяд, ин ҷавони ба ном блогер на танҳо русу масеҳиён балки тоҷику мусалмононро паст заду дар ватан ин амалашро маҳкум мекунанд.

"Мо тоҷикон аз он шарм медорем, ки ӯ худро блогери тоҷик гуфтааст. Чунинҳо миллату дин надоранд. Амалаш ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нест", - навиштааст "Газете.Ru" аз қавли Давлатов.

Собиқ роҳбари Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия гуфтааст, Бобиев бояд тибқи қавонини кишвари ҳузураш муҷозот шавад ва агар ба Ватан ҳам ихроҷаш кунанд, он ҷо низ "ба рӯяш туф хоҳанд кард".
Маврид ба зикр аст, ки додгоҳи Замоскворетскийи Маскав блогер Бобиев, духтаре, ки ҳамроҳи ӯ акс гирифтааст ва дӯсти аксбардорашонро ба ҳабси маъмурӣ гирифта, баъди адои ҷазо, ҷавонро ба Тоҷикистон ихроҷ хоҳанд кард.
Руслан Бобиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Блогери тоҷикро барои аксҳои таҳрикомез дар назди калисо ҷаримаву депорт интизор аст
Бобиев дар аксҳое, ки бо Анастасия Чистова дар либоси корманди пулис дар пеши ибодатгоҳи масеҳиён дар маркази Маскав гирифтааст, вонамуди алоқаи шаҳвонӣ кардаст. Ин аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо баҳсбарангез шуда, бо ҳабси маъмурӣ ва қарори ихроҷи блогер анҷомиданд.
Бобиев дар як наворе зимни бозпурсияш узрхоҳӣ карда, изҳор доштааст, ки дигар чунин корҳо нахоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0