https://sputnik.tj/20210928/rahmon-sokinon-nohiya-marz-hushyoriu-zirak-1042548360.html
Раҳмон сокинони ноҳияи марзӣ дар ВМКБ - ро ба зиракию муттаҳидӣ даъват кард
Раҳмон сокинони ноҳияи марзӣ дар ВМКБ - ро ба зиракию муттаҳидӣ даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Шуғнон дар марз бо Афғонистон аз онҳо даъват кард, ки ҳушёр бошанд
2021-09-28T20:15+0500
2021-09-28T20:15+0500
2021-09-28T20:15+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
вмкб
шуғнон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041883935_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_6b2623ca32bf860539441a2ecbe08f23.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Шуғнон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, изҳор дошт, ки ҳамаи шумо аз вазъи ноорому печида ва ҳар лаҳза тағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳони муосир хуб огоҳ ҳастед.Ӯ рушди соҳаи варзиш, машқу тамрин ва оммавигардонии онро омили бисёр муҳимми солимии ҷисму рӯҳ хонда, афзуд, ки варзиш ҷавононро аз гаравидан ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротиву тахрибкор боз медорад. Раҳмон муҳим хондааст, ки нерӯи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва созандагӣ, яъне ба манфиати Ватан ва ҷомеа равона шавад. Роҳбари Тоҷикистон изҳори боварӣ кардааст, ки мардуми ноҳияи Шуғнон анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ дар рушди давлат саҳми арзанда мегузоранду ба дастовардҳои бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
https://sputnik.tj/20210928/ghani-soleh-hukumat-afghoniston-elomi-1042537806.html
вмкб
шуғнон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041883935_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_7b46c11fcbd1c293ef0b52bf90e97153.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, мулоқот, фаъолон, шуғнон
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, мулоқот, фаъолон, шуғнон
Раҳмон сокинони ноҳияи марзӣ дар ВМКБ - ро ба зиракию муттаҳидӣ даъват кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Шуғнон, аз онҳо даъват кард, ки ҳушёр бошанд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Шуғнон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, изҳор дошт, ки ҳамаи шумо аз вазъи ноорому печида ва ҳар лаҳза тағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳони муосир хуб огоҳ ҳастед.
"Дар чунин шароит вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, дастоварди бузургтарини истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро эҳтиёт ва ҳифз кунем", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Ӯ рушди соҳаи варзиш, машқу тамрин ва оммавигардонии онро омили бисёр муҳимми солимии ҷисму рӯҳ хонда, афзуд, ки варзиш ҷавононро аз гаравидан ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротиву тахрибкор боз медорад.
Раҳмон муҳим хондааст, ки нерӯи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва созандагӣ, яъне ба манфиати Ватан ва ҷомеа равона шавад.
Роҳбари Тоҷикистон изҳори боварӣ кардааст, ки мардуми ноҳияи Шуғнон анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ дар рушди давлат саҳми арзанда мегузоранду ба дастовардҳои бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.