https://sputnik.tj/20211001/chand-soat-vorukh-chorkuh-naqsha-davat-1042599603.html
Дар чанд соат Воруху Чоркӯҳ нақшаи даъватро иҷро карданд
Дар чанд соат Воруху Чоркӯҳ нақшаи даъватро иҷро карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркуҳи Исфара дар чанд соати аввали нахустин рӯзи даъвати тирамоҳӣ ба артиш нақшаро иҷро кардаанд
2021-10-01T15:40+0500
2021-10-01T15:40+0500
2021-10-01T15:40+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
исфара
артиш
хизматчиёни ҳарбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1a/1032348764_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_4f067142c52762d227326f8ad21bf147.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Шаҳрдории Исфара гуфт, нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нисфирӯзии 1-уми октябр пурра иҷро шуд. Мақомдорони шаҳр мегӯянд, ҷавонон дар Исфара ихтиёран ба хидмат рафта, маъракаи гусели онҳо бо тантана дар ҳузури наздикону мақомдорон сурат гирифт. Ба гузориши хабаргузории "Ховар", дар маъракаи гусели наваскарон раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба наваскарон барои иҷрои рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ дар назди Ватан изҳори сипос гуфт. Баҳодурзода афзуд, муҳайё намудани шароити хуби хидмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи артиш мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор дорад. Раиси Исфара гуфт, ҷавонони бонангу номус дарк мекунанд, ки хидмати ҳарбӣ нишонаи ватандӯстию омодагӣ барои ҳимояи давлат мебошад. Гузоришҳо аз аввалин мавриди иҷрои нақша дар минтақаҳои алоҳида дар ҳолест, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ дар кишвар аз 1 октябр оғоз шуда, интизор меравад, ки ду моҳ идома ёбад.
https://sputnik.tj/20211001/oghoz-davat-tiramoh-tojikiston-1042593071.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1a/1032348764_49:0:960:683_1920x0_80_0_0_d113d738343d5fa5d7ba2ac93a35e6b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷамоат, деҳот, исфара, артиш, нақша
ҷамоат, деҳот, исфара, артиш, нақша
Дар чанд соат Воруху Чоркӯҳ нақшаи даъватро иҷро карданд
Ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳи Исфара нақшаҳои даъват ба артишро дар чанд соати аввали рӯзи нахустин иҷро кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Шаҳрдории Исфара гуфт, нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нисфирӯзии 1-уми октябр пурра иҷро шуд.
Мақомдорони шаҳр мегӯянд, ҷавонон дар Исфара ихтиёран ба хидмат рафта, маъракаи гусели онҳо бо тантана дар ҳузури наздикону мақомдорон сурат гирифт.
Ба гузориши хабаргузории "Ховар", дар маъракаи гусели наваскарон раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба наваскарон барои иҷрои рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ дар назди Ватан изҳори сипос гуфт.
Баҳодурзода афзуд, муҳайё намудани шароити хуби хидмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи артиш мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор дорад.
Раиси Исфара гуфт, ҷавонони бонангу номус дарк мекунанд, ки хидмати ҳарбӣ нишонаи ватандӯстию омодагӣ барои ҳимояи давлат мебошад.
Гузоришҳо аз аввалин мавриди иҷрои нақша дар минтақаҳои алоҳида дар ҳолест, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ дар кишвар аз 1 октябр оғоз шуда, интизор меравад, ки ду моҳ идома ёбад.