Оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Тоҷикистон

© Sputnik / Сергей ПивоваровСлужба в армии
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Обуна шудан
Ҷавононе, ки ба синни 18 расидаанд ва ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, ба аскарӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд.
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати навбатии тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд.
Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми сентябр имзо карда буд.
Тибқи ин санад, аскароне, ки муҳлати муқарраршударо адо кардаанд, рухсат шуда, шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1994-2003 ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Даъвати тирамоҳӣ аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр идома меёбад. Шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват ба синни 18 расидаанд, ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб мешаванд.
Инчунин шахсони синну солашон бузургтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, низ даъват мешаванд.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон имзо кард: ҳаҷми пули хизмат ва тартиби он маълум шуд
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) мебошад.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0