Арҷгузорӣ: Раҳмон филармонияи Ҳамадониро ба номи Одина Ҳошим гузошт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Обуна шудан
Дар шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим пурра таъмиру навсозӣ шуд
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим, ки тоза таъмиру навсозӣ шудааст, дидан кард.
Дафтари матбуотии раисҷумҳур иттилоъ додааст, ки ин муассисаи фарҳангӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша таъмиру навсозӣ шудааст.

“Бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои арзишманди Ҳофизи халқии Тоҷикистон, шодравон Одина Ҳошим дар рушду нумуи санъату фарҳанги миллӣ ва эҳтирому қадршиносӣ аз ин шахсияти шинохта бо дастури Эмомалӣ Раҳмон филармонияи мардумӣ ба номи ӯ гузошта шуд”,-қайд кардааст манбаъ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар як гӯшаи бинои филармонияи мардумӣ осорхона таъсис ёфта, дар он маҳсули офаридаҳои ҳунарманди зиндаёд Одина Ҳошим, созҳои мусиқӣ, аксҳо аз сафарҳои ҳунарӣ ва либосҳои ӯ ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба Хатлон рафт
“Ҳар нафаре, ки ба ин бино ворид мегардад, нахуст аз осорхона дидан карда, баъдан аз тамошои барномаҳои ҷолибу хотирмони фарҳангӣ ғизои маънавӣ мегирад”,-хабар додааст дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ.
Зикр шудааст, ки толори бузурги бино 210 ҷойи нишаст дошта, дар он барои баргузор кардани барномаҳои гуногуни консертӣ ва маҳфилҳои бошукӯҳи фарҳангӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Гуфта шудааст, ки минбаъд аҳли санъату фарҳанги ноҳия чорабиниҳои фарҳангиро дар ҳамин бино барпо менамоянд.
Айни замон дар филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошими ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 26 нафар фаъолият мекунанд, ки бештари онҳо ҳунармандони касбӣ ва ҷавонони боистеъдод мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0