https://sputnik.tj/20210930/guzasht-nizomi-khorugh-rahmon-1042574894.html
Гузашти низомӣ дар Хоруғ: Раҳмон аз таҳдиду хатарҳо дар сарҳад гуфт
Гузашти низомӣ дар Хоруғ: Раҳмон аз таҳдиду хатарҳо дар сарҳад гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз вазъияти ноороми ҳамсоякишвари Афғонистон гуфта, қайд намуд, ки масъулияти Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар чунин шароити... 30.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-30T11:46+0500
2021-09-30T11:46+0500
2021-09-30T11:47+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
хоруғ
гузашти низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042573750_0:83:1600:983_1920x0_80_0_0_ecb43475fe7cfb57f783a3bf3b75a4c8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон гузашти низомӣ баргузор гардид.Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи афсарону сарбозонро ба солрӯзи истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.Зимнан, роҳбари давлат соли равонро барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор номида, саҳми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар таъмин намудани сулҳу суборт дар кишвар назаррас арзёбӣ кард.Ӯ қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи муқаддаси базиммадоштаи худро бо эҳсоси масъулият дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд иҷро карда истодаанд.Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои гуногун, дар наздикии сарҳадҳои Тоҷикистон ва бахусус ноором будани вазъият дар Афғонистон таъкид намуда, изҳор дошт, ки нақш ва масъулияти Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучанд гардидаасат.Президент изҳори боварӣ намуд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба хотири таъмини амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар минбаъд низ омода хоҳанд буд.
https://sputnik.tj/20210929/rahmon-kambizoat-vmkb-kohish-1042568980.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042573750_90:0:1510:1065_1920x0_80_0_0_6b814aef25ef56df4c70d381d5d17800.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, хоруғ, гузашти низомӣ
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, хоруғ, гузашти низомӣ
Гузашти низомӣ дар Хоруғ: Раҳмон аз таҳдиду хатарҳо дар сарҳад гуфт
11:46 30.09.2021 (Навсозишуда: 11:47 30.09.2021) Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз вазъияти ноороми ҳамсоякишвари Афғонистон гуфта, қайд намуд, ки масъулияти Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар чунин шароити ҳасос дучанд гардидааст
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон гузашти низомӣ баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи афсарону сарбозонро ба солрӯзи истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.
Зимнан, роҳбари давлат соли равонро барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор номида, саҳми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар таъмин намудани сулҳу суборт дар кишвар назаррас арзёбӣ кард.
Ӯ қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи муқаддаси базиммадоштаи худро бо эҳсоси масъулият дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд иҷро карда истодаанд.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои гуногун, дар наздикии сарҳадҳои Тоҷикистон ва бахусус ноором будани вазъият дар Афғонистон таъкид намуда, изҳор дошт, ки нақш ва масъулияти Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучанд гардидаасат.
Президент изҳори боварӣ намуд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба хотири таъмини амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар минбаъд низ омода хоҳанд буд.