https://sputnik.tj/20210929/rahmon-kambizoat-vmkb-kohish-1042568980.html
Раҳмон гуфт, камбизоатӣ дар ВМКБ беш аз се баробар коҳиш ёфтааст
Раҳмон гуфт, камбизоатӣ дар ВМКБ беш аз се баробар коҳиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз коҳиши беш аз себаробарии камбизоатӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дод
2021-09-29T20:20+0500
2021-09-29T20:20+0500
2021-09-29T20:20+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
хоруғ
вмкб
мардум
камбизоат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1c/1042532007_105:243:1566:1065_1920x0_80_0_0_6ac66b7fcd0af5c2ed895b770c2f0443.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ изҳор дошт, ки соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар вилоят ҳудуди 97 дарсадро ташкил дод. Ӯ афзуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои охир бомаром афзоиш ёфта, ба 1,1 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 21 баробар ва ба ҳар як нафар аҳолӣ 97 баробар афзудааст.Таъкид шудааст, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди вилоят то ҳол 743 иншоот ба маблағи умумии 927 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 3200 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.Раисиҷумҳур илова намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.Инчунин аз Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021 – 2025 зикр шуд, ки дар доираи он амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20210929/tavsif-modar-darvozi-emomali-rahmon-video-1042558554.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1c/1042532007_267:215:1400:1065_1920x0_80_0_0_003e31e6d34c8691dbcadf009100b26b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, вмкб, камбизоатӣ, куҳистон
эмомалӣ раҳмон, вмкб, камбизоатӣ, куҳистон
Раҳмон гуфт, камбизоатӣ дар ВМКБ беш аз се баробар коҳиш ёфтааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз коҳиши беш аз себаробарии камбизоатӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дод
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ изҳор дошт, ки соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар вилоят ҳудуди 97 дарсадро ташкил дод.
"Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имкон доданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст карда шавад", - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ афзуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои охир бомаром афзоиш ёфта, ба 1,1 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 21 баробар ва ба ҳар як нафар аҳолӣ 97 баробар афзудааст.
Таъкид шудааст, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди вилоят то ҳол 743 иншоот ба маблағи умумии 927 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 3200 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.
Раисиҷумҳур илова намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.
Инчунин аз Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021 – 2025 зикр шуд, ки дар доираи он амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.