Файзов пас аз гусели Президент ба хурду бузурги ВМКБ сипос гуфт

© Мақомоти ВМКБЁдгор Файзов - раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Обуна шудан
Раиси вилоят ба нафароне, ки ба гуфтаи ӯ "дар шароити на он қадар мувофиқ" тамрин гирифта буданд, изҳори миннатдорӣ намуд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз се рӯзи сафар ба ВМКБ, рӯзи 30 сентябр ба шаҳри Душанбе баргашт. Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти мазкур даҳҳо иншооти фарҳангию маданиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Зимнан, пас аз анҷоми сафари кории роҳбари давлат, раиси ВМКБ, Ёдгор Файзов ба сокинони ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон барои пешвозу гусели Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён кард, ки матни онро котиботи раис нашр намудааст

"Сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ руҳияи мардумро баланд ва умедашонро ба зиндагии шоиста тавассути рушди минбаъдаи иқтисодию ичтимоӣ, бо таҳкими ваҳдат боз ҳам тақвият бахшид", - омадааст дар матни миннатдории Файзов аз сокинони ин вилоят.

Раиси вилоят қайд намудааст, ки "хурду бузург бо як муҳаббати самимӣ, чеҳраи кушода, оғӯши гарм роҳбари давлатро истиқбол ва гусел намуданд"
Файзов ба вижа заҳмати аҳли фарҳангро назаррас арзёбӣ кард. Ӯ ба тамоми бонувону духтарон ва кӯдаконе, ки дар шароити на он қадар мувофиқ дар варзишгоҳи марказӣ тамрин намуда буданд, миннатдорӣ баён кард.
Таджикские военные на параде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Гузашти низомӣ дар Хоруғ: Раҳмон аз таҳдиду хатарҳо дар сарҳад гуфт
Бояд гуфт, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксар сокинони вилоят аз он нигаронӣ намуданд, ки фарзандони онҳо на машғули таҳсил, балки дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ ба тамрин машғуланд.
Мардум аз он шикоят мекарданд, ки фарзандони онҳо бо нақлиёти махсус таъмин нестанд, дар ҳоле, ки аксар вақт тамринашон шомгоҳ анҷом меёбад ва бо як мушкилӣ ба манзилҳои худ мерасанд.
Шояд раиси вилоят ҳам ба ин хотир таъкид намуд, ки тамрини духтарону кӯдакон дар шароити на он қадар мувофиқ роҳандозӣ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0