Аз ВМКБ беш аз 1100 нафар дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил кардаанд

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкВозобновление очного обучения в вузах
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз соли 1991 то ҳол Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро 1 ҳазору 104 нафар аз ВМКБ хатм кардаанд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, барои ҳалли мушкили кадрҳо дар бахши тандурустии вилоят, аз ҷумла квотаҳои президентӣ барои таҳсил ҷудо мегарданд.
Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ гуфт, соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳим эълон гашта, барои рушди онҳо ҳамаи тадобири зарурӣ рӯи даст гирифта мешаванд.
Ӯ аз ҷумла далел овард, ки танҳо дар соли 2021 барои соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз буҷаи давлат ҷудо кардани 92 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 15 фоиз зиёд мебошад.
Рабочие во Владивостоке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Мақомоти Суғд: 43 ҳазор нафар муроҷиат кард, 20 ҳазораш бо кор таъмин шуд
Вай илова намуд, ки агар то соли 2006 ба аҳолии вилоят 246 муассисаи тиббӣ хидмат мекард, феълан шумораи чунин муассисаҳо ба 347 расида, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин шудаанд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ҳоло аз ВМКБ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 292 нафар, аз ҷумла бо квотаи президентӣ 190 нафар ҷавонон таҳсил карда истодааст.

"Аз соли 1991 то ҳол аз вилоят дар муассисаи зикршуда 1104 нафар донишҷӯй таҳсил кардаанд, ки 400 нафари онҳо бо квотаи президентӣ қабул карда шудаанд",-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ илова намуд, ки инчунин дар давраи соҳибистиқлолӣ 3 ҳазору 802 нафар ҷавони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон коллеҷҳои тиббии кишварро хатм карда, ҳоло дар ин муассисаҳо боз 579 нафари дигар таҳсил карда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0