https://sputnik.tj/20210929/guzorish-maqomdoroni-sughd-murojiat-kor-1042562045.html
Мақомоти Суғд: 43 ҳазор нафар муроҷиат кард, 20 ҳазораш бо кор таъмин шуд
Мақомоти Суғд: 43 ҳазор нафар муроҷиат кард, 20 ҳазораш бо кор таъмин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси Суғд дар ҷаласаи вакилони вилоят дар мавриди шуғли аҳолӣ гузориш дод
2021-09-29T18:20+0500
2021-09-29T18:20+0500
2021-09-29T18:20+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
суғд
бекорӣ
кор
корманд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032521287_0:0:2854:1606_1920x0_80_0_0_d8ba9759eb2cac435c3cfb16484467d7.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ноиби раиси Суғд мегӯяд, давоми соли 2020 ба сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 ҳазору 74 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд. "Дар натиҷа дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 20 ҳазору 287 нафари бекор бо ҷои кор таъмин шуданд, ки танҳо аз ҳисоби вакансияҳо 17 ҳазору 790 нафарро ташкил медиҳад",-гузориш дод Яъқубӣ.Зикр шудааст, ки ҳамчунин 1721 шаҳрванд тавассути квота бо кор таъмин гардида, ҷиҳати оғози фаъолияти соҳибкории хурд ва таъмин шудан бо ҷои кор ба 776 нафари бекор ба маблағи 2 миллиону 394,8 ҳазор сомонӣ барои тиҷорат қарзи имтиёзнок дода шудааст. Аз ҷумла, дар ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ низ ба 227 нафар ба маблағи 696,4 ҳазор сомонӣ чунин қарз дода шудааст, афзудааст ноиби раиси Суғд. Инчунин таъкид шудаст, ки соли 2020 аз буҷаи барномаи мазкур ба 3 ҳазору 413 нафар бекор ба маблағи 1 миллиону 611,9 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт шудааст. Мақомот гуфтанд, татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 идома дорад.
https://sputnik.tj/20210919/idm-bozor-mushtarak-mehnat-tasis-1042360601.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032521287_123:0:2854:2048_1920x0_80_0_0_759ab84cd9bf078c6a90828d2faa6213.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақом, суғд, ҳукумат, муроҷиат
мақом, суғд, ҳукумат, муроҷиат
Мақомоти Суғд: 43 ҳазор нафар муроҷиат кард, 20 ҳазораш бо кор таъмин шуд
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси Суғд дар ҷаласаи вакилони вилоят дар мавриди таъмини сокинон бо ҷои кор гузориш дод
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ноиби раиси Суғд мегӯяд, давоми соли 2020 ба сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 ҳазору 74 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд.
"Дар натиҷа дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 20 ҳазору 287 нафари бекор бо ҷои кор таъмин шуданд, ки танҳо аз ҳисоби вакансияҳо 17 ҳазору 790 нафарро ташкил медиҳад",-гузориш дод Яъқубӣ.
Зикр шудааст, ки ҳамчунин 1721 шаҳрванд тавассути квота бо кор таъмин гардида, ҷиҳати оғози фаъолияти соҳибкории хурд ва таъмин шудан бо ҷои кор ба 776 нафари бекор ба маблағи 2 миллиону 394,8 ҳазор сомонӣ барои тиҷорат қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Аз ҷумла, дар ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ низ ба 227 нафар ба маблағи 696,4 ҳазор сомонӣ чунин қарз дода шудааст, афзудааст ноиби раиси Суғд.
Инчунин таъкид шудаст, ки соли 2020 аз буҷаи барномаи мазкур ба 3 ҳазору 413 нафар бекор ба маблағи 1 миллиону 611,9 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт шудааст.
Мақомот гуфтанд, татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 идома дорад.